Донишҷӯён донишҳои ихтисосиашонро такмил медиҳанд
Ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмилалии Global Money Week бо иқдоми Child and Youth Finance International дар тамоми дунё ҳафтаи байналмиллалии молия барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулони молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.
Дар доираи ҳафтаи байналмиллалии молия дар Фонди Қарзи Хурди “Имон” бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси кори бонкии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор шуд.
Дар семинар мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Набиҷонова М., декани факултети молия Хоҷаева Д. ва дотсенти кафедраи кори бонкӣ Каримова М. ширкат намуданд.
Директори ФҚХ “Имон” Пулотова М. семинарро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯён, аз худ кардани маълумоти зарурӣ оиди хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳавӣ заминаи мусоид мегузорад. Дар идома директори ФҚХ “Имон” ҷиҳати ҳамкории судманд ба ректори донишгоҳ изҳори сипос кард.
Ҳамзамон чанде аз кормандони ФҚХ “Имон” ба донишҷӯён маълумоти зарурии ихтисосӣ пешниҳод карданд. Дар ҷараёни семинар донишҷӯён низ саволҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳо изҳори умед карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳо чорабиниву мулоқот ва семинарҳои судманд ташкилу баргузор карда мешаванд.






