Ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои дипломатияи иқтисодӣ аз инҳо муайян шудаанд: ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди беруна барои таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва тавсеаи заминаи иқтисодии кишвар, «иқтисоди сабз», пайвастан ба нақлиёти байналмилалӣ ва минтақавӣ, энергетика ва инфрасохтори коммуникатсионӣ, ҳимояи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ғайра.

Дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об ба иқтидори мавҷудаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои зиёди об асос ёфтааст. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи обро фаъолона амалӣ намуда, дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба об нақши фаъол дошта бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2011 қайд намуданд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Миҳали Муттаҳид соли 2013-ро Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об эълон кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ пешсафи эътирофшудаи дипломатияи об мебошад. Аз соли 1999 инҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ чаҳор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистонро оид ба об, ки бо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд, дастгирӣ кардааст. Инҳо “Соли байналмилалии оби ширин, 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ​​ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки шурӯъ мешавад 22 марти соли 2018 ва 22 марти соли 2028 ба охир мерасад.

Имрўз «қувваи нарм»-ро давлатҳои гуногун сарфи назар аз вазни ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии онҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ истифода мебаранд. Асри иттилоот ва «ҷомеаи иттилоотӣ» ба кишварҳо имкон медиҳад, ки дар сиёсати хориҷӣ манфиатҳои миллии худро бо роҳи ғайриҳарбӣ ҳифз кунанд. Хангоми ба накша гирифтан ва амалй гардондани тадбирхои сиёсати берунй аз имкониятхои «кувваи нарм» истифода бурдан лозим аст. Дар ин росто, кишвари мо метавонад бо истифода аз захираҳои табиии мавҷуда барои ташаккули симои мусбати ҷумҳурӣ, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи иқтидори сайёҳӣ зарур аст.

Ҳамин тариқ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, расидан ба сулҳу ваҳдат, ҳалли мушкилоти шадиди иҷтимоию иқтисодӣ дар давраи баъдиҷанг, тавлиди нерӯи дохилӣ (захираҳои табиӣ ва иқтидори истеҳсолӣ) барои баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон, эътирофи истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон аз чониби 147 давлати чахон ва баркарор намудани муносибатхои дипломати бо 128 давлати чахон натичаи сиёсати берунии бобарори давлати сохибихтиёри точикон мебошад. Маҳз ҳамин омилҳо дар моделсозии манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷӣ дар даҳсолаҳои сеюм, чорум ва панҷуми истиқлолияти давлатӣ нақши калидӣ доранд.

 

Тошматова М.Д. – дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like