Роҳбари ҲНИ ва ҳаммаслакони ў хоини миллату давлат
Имрўзҳо орзуи деринаи фарзандони ҳисси ифтихори миллиашон баланд ва ватандўсти тоҷик ҷомаи амал пўшида истодааст ва Ватани азизамон ба сафи мамлакатҳои мутараққӣ даромада, шаҳрвандонаш оромонаю осудаҳолона зиндагӣ доранд. Дар ҷаҳон муборизаҳои ғоявию сиёсӣ ва иҷтимоии байни давлатҳо, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар авҷ аст. Дар ин ҷараён барои ҳар як шахси равшанфикр ва масъулиятшинос мубориза барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон бояд дар мадди аввал қарор гирад.
Дар ҳар давлати соҳибистиқлолу мустақил, шахсон ё гурўҳҳое пайдо мешаванд, ки пешрафти иқтисодиёти кишвар, рушд ва инкишофи соҳҳаҳои гуногуни ҳоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим сулҳу суботи ҷомеаро дида наметавонанд ва бо амалҳои ифротию хоинона кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷомеаи мутамаддинро аз байн баранд.
Дар ин раванд мамлакати мо низ дар канор монда наметавонад, зеро М. Кабирӣ яке аз чунини ашхос буда, бо мақсади аз байн бурдани сулҳу субот, тинҷиву оромии кишвар дар кишвари мо ҲНИ – ро ташкил намуда ба ҳар роҳҳои фиребу найрангӣ ҷавонони тоҷикро барои ноил шудан ба мақсадҳои ифротии худ ба амалҳои террористи равона менамояд.
Дар замони глобализатсия чанд омили хатарҳои бегонагон ва бегонапарастон тарҳрезӣ ва амали карда истода кулли шаҳрвандони мамлакати моро ҳам ба изтиробу нигарониҳо овардааст. Ашхосони ба монанди Муҳиддин Кабирӣ бо мақсади ҷомаи амал пўшонидани орзуҳои пучи худ ва амалӣ намудани мақсаду мароми аҷнабиён гурўҳе аз шаҳрвандони мамлакат фирефта шуда, ба гирдоби фалокат фурў рафтанашон аксариятро ба андеша ва тадбирҷўиҳо водор намудааст. Бо мақсади мубориза бо омили бадбахтиовар, хоинони миллат ба монандӣ М. Кабирӣ ва дигар наҳзатиён, ки мақсадҳои ифротию террористи доранд «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳия карда шудааст.
Аллбатта аҳли ҷомеа ва мардуми тоҷик худ дар хотир дорад, ки солҳои 90-ум Тоҷикистон дар чӣ аҳвол қарор дошт ва дар наворҳо ҳам хаст чи гуна наҳзатиён миллати тоҷикро бо ҳаргуна роҳҳои фиребу найрангбозиҳои ба ҷанги барорадкушӣ даъват менамуданд.
Акнун имрўзҳо давлати мо бо кўшишў талош ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат ба як кишвари зебо, танҷиву ором ва гул гул шукуфон мубаддал гаштааст, хоиноне пайдо шудаанд ба монанди М.Кабирӣ, Д. Атовуллоев, Варқӣ, ки мақсади ягонаи онҳо аз байн бурдани сулҳу субот бо роҳҳи гумроҳ кардани ҷавонон ба ташкили амалҳои террористи мебошад.
Мувофиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзўр менамояд.
Ҳар як инсони соҳибақл бояд бо мазмуну мўҳтаво ва марому мақсади ин ҳуҷҷати муҳим ба хубӣ шинос шавад. Ҳуҷҷати мазкур ҳамаи шаҳрвандонро водор месозад, ки дар баробари парваридани орзуҳои шахсӣ бояд барои дар сарзамини орому осоишта бо хотири ҷамъу саодатмандона умр гузаронидан ҳиссаи худро гузоранд.
Ҳамаи он шахсоне, ки ба тарғибот ва ваъдаҳои мубаллиғони гурўҳҳои ифротиву террористӣ бовар кардаанд, бешубҳа хато кардаанд. Шояд хатогиашонро худ ҳам дониста бошанд, ки ягон кушандаи одами бегуноҳ шаҳид нест ва ин набарди бо мақсадҳои муайян давомкардаистода дар минтақаҳои ҷангзадаи дунё ҷиҳод ҳам нест.
Омўзиши мазмуну мўҳтаво ва марому мақсади ин ҳуҷҷати муҳим ва иҷрои он ба нафъи аҳли ҷомеа мебошад. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллат зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, ҳамеша роҳи дўстиву рафоқат ва якдилиро пеш гирад ва аз чунин гурўҳҳо дар канор бошад.
Раҳмонов М.М. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети баҳисобгирӣ ва андоз