СИЁСАТИ ХОРИҶИИ МИНТАҚАВИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Инъикоси самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат ҳамеша муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳад, зеро ҳаллу фасли масъалаю вазифаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини рушди босуботи кишвар, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат пеш аз ҳама ба таъмини сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва бехатарии давлату шаҳрвандони он вобаста мебошад. Хусусан, дар замони муосир сиёсати ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрат, паҳншавии хатари экстремизму терроризм, мавҷуд будани нуқтаҳои даргирӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ба сулҳу субот таҳдид менамояд.
Дар шароити муосир барои расидан ба ҳадафҳои татбиқи сиёсати хориҷӣ дурусту мутавозин ва муайян намудани афзалиятҳои он бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва имкониятҳои воқеӣ зарур мебошад. Бо назардошти ташаккули раванди ҷаҳонишавӣ, хатари зуҳуроти номатлуб ва боло рафтани аҳамияти минтақаҳои алоҳида додани афзалият ба самти минтақавӣ дар сиёсати хориҷӣ – дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз заруратҳои аслии ҳифзи амнияти минтақавӣ ва таъмини манфиатҳои миллии кишварҳои минтақ ба шумор меравад.
Пешвои миллат, дар Паёми имсолаашон доир ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар сухан ронда, қайд намуданд, ки «мо ҳамчун, мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид»
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, сиёсатмадори бузурги аср муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи ба даст овардани Истиқлолият то ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад. Кишвари мо, ҳамчун давлати мустақил узви СММ, СҲШ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ мебошад. Пешвои миллат, дар паёмашон оид ба вазъи сиёсии ҷаҳону Осиёи Марказӣ ибрози назар намуда, қайд карданд, ки «ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тавре, ки борҳо таъкид карда будам, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.
Бояд қайд намуд, ки муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Имрӯз истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 129 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ, эътирофи расмии истиқлолияти давлатии мо аз ҷониби 170 кишвари сайёра ва узвият дар 51 созмони бонуфузи байналхалқию минтақавӣ дастовардҳои сиёсати «Дарҳои кушод» мебошанд.
Кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромиши кунунии он ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд. Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишвари шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Ҳамин тавр, Паёми навбатии Пешвои миллат, як дастури роҳнамоест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат дар ояндаи наздик ба таври возеҳу равшан инъикос ёфтааст.
Ахмедов Н.И. – мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия