Даври донишгоҳии Ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён

Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маҳорату малакаи корбарии донишҷӯён дар самти иҷрои вазифаҳои масъул, тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба низоми идоракунӣ, мустаҳкам намудани робитаи донишгоҳ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, давраи донишгоҳии Ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён ташкил ва баргузор карда мешавад.

Ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлалатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 22 июли соли 2013, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муасссисаи олии талимӣ” аз 19 майи соли 2009, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлаии ҷавонон” аз 15 июли соли 2004, Низомномаи “Ҳафтаи худидоракунии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” аз 21 январи соли 2022, Оиномаи Донишгоҳи давлалатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии дохилидонишгоҳӣ баргузор карда мешавад.

Давраи донишгоҳии Ҳафтаи худидоракунӣ дар ду марҳила сурат гирифта, марҳилаи аввал тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз санаи 04 то 09 апрели соли 2022 дар сатҳи факултет гузаронида шуд.

Бо мақсади таъмини иҷрои банди  3.9 Низомнома дар бораи ташкил ва баргузор кардани давраи донишгоҳии Ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлалатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз 25.02.2022 ва фармоиши ректор марҳилаи дуюми ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии донишгоҳ оғоз гардида, давоми ҳафта идома меёбад.

Дар доираи Ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳамкории Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар донишҷӯён дар мавзӯҳои алоҳида баромад намуда, байни ҳам мулоҳизаронӣ карданд.

Дар доираи Ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён баргузориии чорабиниҳои мухталиф дар назар аст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

You might also like