МУЛОҲИЗАҲО ОИДИ МАСОИЛИ ТУНДРАВӢ ВА ИФРОТГАРОӢ
Ифратгароӣ маънои тундравй, маҷораҷӯй, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Бояд гуфт, ки ин мафҳумҳо зодаи давраи истиқлолият аст, ки ҳатто дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикй» дида наметавонем. Аз ин рӯ вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, дар назар дошта мешавад ҳамон калимаи тундравӣ. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ, маънои ҳодисаҳои хатарнок, даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.
Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифратгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳшавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷгимоию сиёсй ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задании низою муноқишаҳо гардиданд.
Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ мекунанд, худро метарконанд, гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди чунин рафторҳои ифратгаронаро чун таассуб дониста, маҳкум карда шавад. Лекин он нафароне, ки баҳри ҳимояи Ватан ва сарзаминаш аз дасти истилогарон ё гурӯҳи террористон чунин амалро ба иҷро расониданд, қаҳрамон дониста хотираи некашон ёдоварӣ карда шавад. Дар бораи ифратгароӣ ва хатарҳои он сухан ронда ба ҳамаи навъҳои вай диққат додан лозим аст. Масалан, ифратгарони сиёсӣ низ хатари ҷиддй доранд, чунки онҳо ба вуҷудорандаи дигар тамоилҳои ифратгароӣ мебошанд, аз он ҷумла онҳо динро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода бурда метавонанд. Барои пайдо шудани ифратгароӣ сабабҳо ва омили муайян вуҷуд дорад, ки барои муайян кардани он мо бояд ҷамъиятро омӯзем ва рафъ намоем. Бо роҳи зӯри бо усули сахт ва бераҳмона бо ифратгарой мубориза бурдан хеле мушкил аст.
Баръакс рафтори боадолатона ва хирадмандона дар омӯзиши сабабҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имконият медиҳанд, ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд. Дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои муносибати одамон ба ҳаракатҳон тундрав ва ифротӣ боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо, ноӯҳдабароӣ дар таъмини тариқи муколама ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ мешавад. Байни гурӯҳҳои љинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ ва дигар унсурҳои мафиозӣ аксар вақт ягон мақсади сиёсй ё миллй вуҷуд надорад. Онҳо фақат кӯшиш мекунанд, ки сарчашмаҳои калони моли ва иқтисодиро ба даст оранд ва байни ташкилот ва ҳаракатҳое, ки барои мақсад ва ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, тафриқа гузоранд.
Умарова С.И. – муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа