НИГОҲДОШТИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КИШВАР ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Имрўз боиси сарфарозиву хушбахтист, ки ба миллати тоҷик пас аз ҳазор сол зимоми мамлакатдорӣ боз ба дасти шахсе омад, ки чун давомдиҳандаи ҳақиқии ниёгонамон масоили забону фарҳангро як ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати хеш қарор додааст. Сухан дар бораи кору пайкори абармарди дунёи сиёсат Эмамалӣ Раҳмон меравад, ки ҳамеша ба масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ, ба мавзўоти мухталифи рушду нумўи он таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Ҳаёти хушу хуррами ҳамдиёрони мо, рушди муносибатҳои ҳасана бо соири мамолики ҷаҳон дар самтҳои иқтисодиёту сиёсат ва маорифу фарҳанг далели он аст, ки кишвари мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ гомҳои устувор мениҳад.

Имрӯз масъулияти таъмини амнияти кишвар, ҳифзи муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг, таъмини субот ва ваҳдату ягонагӣ мароми ҳар як сокини кишвар гардидааст ва имкон нахоҳанд дод, то ин ки андешаи ботиле ба тафаккури миллат, бахусус, ба сари насли ҷавони мамлакат таҳмил гардад.  Ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла тафриқаангезию бегонапарастиро шадидан маҳкум намуда, таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавассути кор гирифтан аз хиради азалии ин миллат, Тоҷикистони азиз ва миллати тоҷикро маъруфу муътабартар хоҳем кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини авдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд». Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рў меорад.

Имрӯз ҳар як ватандор бо дарки баланди худшиносиву меҳанпарастӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати давлату ҳукумат ҷаҳду талош ба созандагиву ободкорӣ дорад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳар шаҳрванд маҳорату салиқаи хосаро ҷиҳати пешбурди ҳаёти солиму созгор тақозо мекунад.

 

Хоҷаева М. И. – мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like