ДДҲБСТ: Шуғли фосилавӣ: имкониятҳо, ва монеаҳо
9 апрели соли 2022 Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон форум дар мавзӯи «Шуғли фосилавӣ: имкониятҳо, тамоюлҳо ва монеаҳо» баргузор намуд.
Анҷуман дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и ДДҲБСТ баргузор гардид. Дар форум муаррифии дастовардҳои Парки технологӣ дар соҳаи шуғли фосилавӣ, инчунин ҷаласаи пленарӣ байни донишгоҳ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи фароҳам овардани имкониятҳо барои шуғли фосилавӣ ва ташкили робита байни омодасозии донишҷӯён барои кор ва эҳтиёҷоти сектори хусусй ҷараён гирифт.
Дар форум намояндагони ва роҳбарияти ДДҲБСТ, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП Бонки «Арванд», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл», ҶДММ «Инноватсияи Ояндасоз», ООО “Некст групп”, ҶДММ «Фаровон-1», Ташкилоти ҷамъиятии «АНТИ», Ташкилоти ҷамъиятии «МИР» ва Бизнес-инкубатори вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Форум аз ду қисм иборат буд. Нахуст намоишгоҳи фаъолияти технопарк, мулоқоти нақшавии намояндагони ҷонибҳои дар боло зикршуда доир шуд. Ҳамчунин, муаррифии дастовардҳои Технопарк бо дастгирии шарикон дар соҳаи шуғли фосилавӣ сурат гирифт.
Пас аз суханрониҳои ифтитоҳӣ дар бораи тамоюлҳо, имкониятҳо ва мушкилот дар ин самт муҳокима карда шуд. Намояндагони ширкатҳои хусусӣ дар бораи мушкилот ва ниёзҳои соҳаи ҷалби кадрҳо ва намояндагони ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳо дар бораи равишҳои муосир ба тарбияи ҷавонон суханронӣ карданд. Қисми дуюми фаъолияти амалӣ барои донишҷӯён буд. Дар он ҷо зиёда аз 100 нафар ҷавонон дар якчанд семинарҳо иштирок намуда, малакаҳои аз қабили-навиштани мактуби ҳавасмандкунӣ, омода намудани маълумотномаи шахсӣ (резюме) ва монанди инҳоро намоиш доданд.
Дар форум иштирокчиён ҳамзамон бо имкониятҳои шуғли фосилавӣ ошно шуданд ва иштирокчиёни фаъол бо иҷрои супоришҳои дарсҳои маҳорат ва иштирок дар викторина соҳиби мукофотҳои арзишманд гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






