ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА
Рӯи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» эътибори кулли волидонро ба ояндаи фарзанд боло бурд. Барои фарзандашон мактаби беҳтарин интихоб мекунанд, таҳсили ӯро назорат мекунанд, барояш шароити зарурии зисту хониш фароҳам меоранд. Мувофиқи хоҳишаш дар мактаби олии бонуффуз хононда, соҳиби ихтисос мегардонанд. Зиёда аз ин ба тадқиқи илм ҳидоятгар шуда, варо ба сафи олимон ворид мекунанд. Ба ин васила мутахассис лоиқи замон ба ҷомеа пешниҳод мекунанд, то бо меҳнати эҷодкоронаву садоқатмандонаи худ оилаи шоиста бунёд ва кишварашро шукуфо гардонад. Сафи чунин оилаҳо афзун шаванд!
Вале таассуф мехӯрем, ки имрӯз ҷавононе ба воя мерасанд, ки на соҳиби саводанду на касб. Ба ягон кори манфиатовар майлу рағбат надоранд. Ба гурӯҳи «оворагардон» пайваст шуда, даст ба корҳои ношоиста мезананд. Онҳо мебояд вақту қувваи худро барои ободкорӣ сарф кунанд, вале ҳайҳот аз торикии чашм ба пайроҳаи нодуруст даромада мондаанд. Ин падида, мутаассифона қариб дар ҳама кишварҳои олам доман паҳн кардааст. Аз ин рӯ имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон нооромӣ, низоъ ҷараён дорад, барои халқҳои бисёр айёми душвор, пуртазод аст. Бисёр давлати дунё гирифтори ҳамлаҳои террористон, ифротгароён қарор дорад. Агар дар ягон гӯшаи дурдаст фоҷиае сар занад, кишварҳои дигар ҳарчанд байнашон фарсахҳо дур аст, аз тавсири фалокатбор дар паноҳ буда наметавонанд.
Мардуми рӯшанфикр хуб медонанд, ки дар зиндагӣ на душман, балки дӯст бояд ҷуст, наслҳоро ба пуштибониву дастгирии фарҳанги сулҳ омода созанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 72- юми Маҷмааи умумии Созмони миллали муттаҳид иброз доштанд, ки: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Паҳншавии миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи муқаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст.»
Барои Тоҷикистони азизи мо, имрӯз мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад.
Бо ибтикори Сарвари давлатамон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстримизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» қабул шуд, ки роҳу воситаҳои асосии пешгирӣ ва барҳамзанӣ ба ин падида мушаххас ва мӯьтамад иньикос ёфтааст. Ин барнома тамоми мардуми мамлакатро водор мекунад, ки нисбати падидаҳои номаьлум оштинопазир бошанд. Пеш аз ҳама волидон, муҳити атроф ҳар қадами насли наврасу ҷавононро зери назорат қарор диҳанд, нагузоранд, ки онҳо ба роҳи носолими зиндагӣ ворид шаванд. ҳар киро аз рангу рӯяш, аз гуфтору рафтораш аён аст, ки дар дил чӣ ният мепарварад, бекор, бемақсад, сарсарӣ гаштан нишони носозгории ӯст.
Нисбати ҳаёти наврасону ҷавонон бетафовут будани мо эҳтимоли нохушӣ овардан аст. Агар дар тамоми кишварҳои олам чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқобили терроризм ва экстремизм мубориза сурьат мегирифт, паҳншавии ин падида коҳиш меёфт. Алҳол, дар ақсои олам, махсусан дар кишварҳои Шарқи Наздик гурӯҳҳои террористии «Давлати Исломӣ», «Толибон», «Ҷабҳат-ум-нусра», «Ҷайш-ал-ҳур», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайра низоъву хунрезиҳо карда, боиси ҳалокат, хонабардӯшӣ ва фирори садҳо ҳазор мардуми осоишта шуда истодаанд. Боиси таассуф аст, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҷавонони ноогоҳу гумроҳу беирода бо ваъдаҳои дуруғин кашида мешаванд.
Сад дареғ, ки миёни ин фирефташудаҳо ҷавонони тоҷик низ ҳастанд. Чӣ сабаб аст, ки онҳо ба сафи ин ҷаллодону қотилон пайванданд? Шояд ташвиқу даъвату бесаводон, ки барои паҳнкунии ғояҳои дини мубини ислом тавассути хоҷагони пасипардагӣ маънидод мекунанд, маъқул аст? Ин фиреби маҳз аст! Охир, куштору ғорат, азобу ранҷи ҳамдин, рехтани хуни ноҳақ, қатли занону кӯдакони бегуноҳ, пирони нотавон, ба харобазор мубаддал кардани шаҳру мавзеъҳои обод магар метавонад бо дини мубин ягон алоқа дошта бошад?! ҳаргиз чунин нест!
То яке, ки медонем дини мубини ислом ҳамеша ҷонибдори ҳамдигарфаҳмӣ ва тантанаи ваҳдат миёни халқҳо мебошад. Вай тарғибгари ҳаёти осудаву ширини инсон, ободиву шукуфоии зиндагӣ дар рӯи замин аст. Ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстромистӣ ҳеҷ умумият надорад, баръакс таълим медиҳад зидди ин падидаҳои хатарнок мубориз бошем. Вале қувваҳое ҳастанд, ки аз дини мубини ислом суйистеъмол мекунад, моро зарур аст ҳушёр бошем, дарки дурусти маъниву мақсуд кунем.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба эътирофи тамоми мардуми олам шарафёб гардидааст. Ободкориҳое, ки тӯли солҳои истиқлолият дар кишварамон ба амал омадаанд, қиёснопазиранд. Ин ободкориҳоро мо бояд давом диҳем, то ки диёрамон боз ҳам зебою шукуфо гардад. Он ҷавонони гумроҳшуда бояд ба худ оянд, маҳз дар ҳамин сафи ободкорон бошанд, ки умр басо кӯтоҳ аст. «Некӣ куну ҳам ба некӣ андеш, То он некӣ туро расад пеш» -ро шиори худ созанд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонон тамоми шароити зарурӣ дар таҳсили илм ва касбомӯзӣ муҳайёст. Бояд хонд, мутахассиси варзида шуд, ҳунар омӯхт ва ҳунарманди воло шуд, аз пайи кор шуд, мақоми худро дар зиндагӣ пайдо кард, оилаи ободу зебо барпо кард. Меҳнате, ки аз сидқи дил ба нафъи Ватан мекунем, ба нафъи оилаву наздикону пайвандони худ низ ҳаст. Асоси ҷомеа аз оила ташаккул меёбад. Худ шахси озодаву шоиста шуда, оилаи арзанда созем ва ҷомеаи беҳтарин пойдор дорем.
Падару модаронро зарур аст, ки аз ин шароиту ғамхориҳои давлату ҳукумат истифода карда, фарзандони худро хононанд. Мунтазам ба дарсҳо иштирок кардан ҳанӯз маънои хонданро надорад, балки аҳамияти хонданро дарк кардан ба хондан руй оварданро дорад. Дар ниҳоди фарзандон муҳаббат ба мактабу муаллиму китоб парварем, ки нахондан дар ҷаҳолат мондан аст, ҷаҳолат тирагии ақл аст, ақли тира накӯиро намебинад.
Ҳама даст ба даст дода кӯшем, то ҷавононе сиҳатманд дар илму зеҳн ҳастанд ва нерӯи бузург доранд умрашон сарфи ободии Ватан гардид, ба куштори мардуми бегуноҳу харобкорӣ нафрат дошта бошанд. Донанд, ки дар зиндагӣ ҳар амал аҷри худро дорад: накӯкорӣ накӯӣ меоварад, харобкорӣ – мусибат. Оне ҳунарманд аст, ки бо дастранҷи худ ҳаёти ширинро ширинтар кунад, харобкориву куштор ба косаи ангубин заҳр пошидан аст. Ҷиноят сӯҳони умр аст! Он туро паси панҷара мебарад, умрро кӯтоҳ, дили наздикону пайвандонро решу сарашонро назди ҷомеа хам мекунад. То замине, ки ҳатто як нафар дар сафи гурӯҳҳои ифродӣ қарор доранд, мубориза алайҳи терроризму экстремизм дар ин маҳал давом хоҳад кард. Умед аст дар Тоҷикистони биҳиштосо таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат – Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи ободкорони Ватан, ҳадяоварони ҳаёти музаффар афзун мешаванд. Кишвари мо аз ин зиёда ба таваҷҷӯҳи аҳли башар афтода, бо меҳр қадамгоҳи меҳмонон мешавад.
Дар ин кор шубҳае нест, зеро халқи тоҷик меросбари Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, шайх Саъдиву хоҷа Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айниву Мирзо Турсунзода, Лоиқи зиндаёд ҳастанд. Илму адаби ҳазорсолаи тоҷикон имкон намедиҳад, ки ҷавонони танҳо якумр гумроҳ монанд, ба миллати бофарҳанги хеш нафран оваранд.
Қосимова М.И. – н.и.и., муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ