НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА МУҚАДДАС – ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ПОС НИГОҲ ДОРЕМ

Ваҳдати миллӣ ин яке аз  беҳтарин неъмат, наҷоти миллат, орзуву армони ҳаёти инсон,  ҳастии инсон дар сулҳу субот ба ҳисоб меравад. Тоҷикистонро  дар миқёси ҷаҳон овозадор намуда, ҷонибдоронашро дар мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзй зиёд менамояд, ин ҳам самараи пурнеъмати Ваҳдати милли. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг. Албатта гуфтанист, ки пандаи аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар ин худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аст. Ҳар як фарди кишвар бояд донист, ки ягона бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор кардан имконпазир аст.

Албатта ба ҳар яки мо аз рӯзҳои аввал огоҳ ҳастем, ки дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Аз ин гуна хатару бадбахтиҳо, хатари парокандагию нобудӣ таҳдид аз ҷониби душманони бадхоҳ низ миллати тоҷик рў ба завол шуда  буд. Зикр кардан ба маврид аст, ки таассуб, маҳалгарои, тангназариҳо дар шуури элитаи милли ва дини ҷой дошт, вале сиёсати кавии давлати онро боло рафтан намегузошт. Бархе аз гурўххои бадхоҳи алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи  нерўҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, кишвари азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохили ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд.

Дар Точикистон майдоннишиниҳо ба вуҷуд омада, хоҳони нақшаи коста  кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро доштанд ва оқибат он ба фоҷиаи хунину миллаткуш  оварда  расонид.  Албатта, ин гуна падидаҳои нохуш дар ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор меоварад ва ҳар як давлат бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Ҷанги хонумонсўзи шахрвандӣ барои хоҷагии халки мо ҳисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамони бегуноҳ  гардид. Оқибати аз он ҷанги шаҳрвандие, ки шўрўъ гардид, натиҷаи тараққиёти ноҳамгуни иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳи, динӣ ва зиддикоммунисти аз тарафи дигар буд. Боиси гуфтанист, ки маҳз табиати сулҳҷуёна ва характери миллии тоҷикон, ки хамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатхои хаёти шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатхои умумимилли мусоидат кард. Танҳо дар сурати ҷонфидоиҳои фарзандони бузурги миллат, дар сарзамини  Тоҷикистони азизамон тавонист сулҳу субот пойдор гардад.  Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи фарзанди барўманду сулҳпарвари  кишвар Эмомалӣ  Рахмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрўз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулх падидор аст.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Точикистон мебошад, ки дар натиҷаи якдилии мардуми тоҷик ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дўст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Ваҳдати милли, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои милли аз манфиатҳои шахси, гурўҳи ва монанди инхост. Зеро ҳеч яке аз манфиатҳои шахси ё гурўҳи дар алоҳидаги берун аз доираи манфиатҳои милли вуҷуд дошта наметавонанд.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рў ба бехбудӣ меорад. Ба ақидаи хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаӣ он расад». Ин як гуфтаҳо албатта  навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу субот, амонӣ ва инчунин дустӣ ҳукмфармосг, он давлат рўз то рўз  гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз чиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

 

Мирзоҷонова М. Қ. – мудири кафедраи забони ангисии ДДҲБСТ

You might also like