ТЭТ ҲНИ – ВАБОИ АСР!

Чуноне, ки ба ҳамагон мусаллам аст, собиқ ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ҳозира ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфтааст. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсад ин барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд.

Ин созмон бисёр ҷиноятҳои вазнин содир намуд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд.

Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ҲНИ дар ҶИА амал намуданд. Дар муддати ин солҳо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд, лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Хушбахтона, 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имрӯз рӯҳониёни исломии асил ҲНИТ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.

Имрӯз, ки мо дар асри нав, асри илму маърифат монанди суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд, ҳамаи ин дурӯғу, финтнагариҳои  ҲНИ-ро хуб дарк карда истодаанд,  намегузоранд, ба  давлати ҷавони сисолаи мо осебе расад.

Ҳамаи  иғвогариву дурўғу фиреб,  амалиётҳои ношоистаи  аъзёни ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем ва намебахшем.

 

Атоева М.М. – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ

 

You might also like