НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ОЯНДАИ КИШВАР
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пашбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳоло дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми ҷавонон назаррас аст. Воқеан аз ҳисоби ин табақаи бедордил олимону вакилон, сардорони гуногунсоҳа ва варзишгароне ҳастанд, ки дар сохторҳои гуногуни кишвар ифои вазифа намуда, ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат мекунанд.
Маҳз эътимоду боварии хосаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хоса ҷавононро ояндаи миллату давлат номида, ба ин насл таваҷҷуҳи беандоза доранд.
Маҳз ҷавонони меҳнатқарину бунёдкор метавонанд Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва кишвари мутараққии олам гардонанд. Президенти кишвар сиёсати давлатии ҷавононро самти муҳиму афзалиятноки рушди мамлакат ҳисобида, бо ифтихор ва эҳтироми шоиста мегӯянд: «Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат ва созандаи миллатанд. Онҳо идомадиҳандаи суннатҳои неку писандидаи аҷдодонамон мебошанд».
Бояд иброз намуд, ки қадамҳои аввалин дар роҳи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакатамон бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ҳанӯз 13 марти соли 1992 гузошта шуда буд. Дар ин давра кишвари мо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба дастовардҳои хеле бузург ноил гардид.
Бахусус дар раванди илму донишомӯзӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, фаъолгардонӣ ва маърифатнокии ҷавонон баҳри бунёди давлати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол корҳои ҷолибу назаррас ба анҷом расиданд.
Боиси ифтихор аст, ки давлату Ҳукумати кишвар рушди маориф ва илмро аз самтҳои афзалиятноки кишвар дониста, баҳри пешрафти соҳаҳо дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварданд.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар кишвар барои рушди илму технология, инноватсия, марказҳои илмӣ – тадқиқотӣ, китобхонаҳои гуногун, ки ҳатто дар Осиёи Миёна беназиранд, заминаи воқеӣ гузошта шуд ва ҳамарӯза ҷавонони зиёд аз онҳо баҳра мегиранд.
Имрӯз ҷавондухтарони мамлакат дар корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, зардузӣ ва ғайра соҳиби ҷойи кору шуғли шоиста гардида, шукргузорӣ аз Ватани ободу давлату миллат мекунанд.
Мухамедова Ш.Ф.-мудири кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ