Қадами нав дар роҳи ҳамкорӣ

14 марти соли 2022 шартномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ба номи Н.А. Добролюбов  тарики онлайн ба имзо расид. Дар вохӯрӣ намояндагони роҳбарияти донишгоҳҳо, инчунин роҳбари Хонаи русии шаҳри Хуҷанд Быховский Н.В. иштирок намуданд. Зимни имзои шартнома ректорони донишгоҳҳо Шарифзода М.М. ва Никонова Ж.В. аз коре, ки қаблан анҷом дода шуд, изҳори қаноатмандии амиқ намуда,  ба ташаккули робитаҳои устувор ва фаъолияти пурсамар изҳори умед карданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои ДДҲБСТ ва ДДЗН аллакай як қатор чорабиниҳо, аз он ҷумла бозии интерактивии таълимии  муштараки «Модели СҲШ», табодули таҷрибаи омӯзгорони забони англисӣ, лексияҳо ва мастер-класс баргузор гардиданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like