Қадршиносии аҳли эҷоди рӯзномаи “Маъвои хирад”
11 марти соли 2022 ба таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» 110 сол сипарӣ гардид. Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мегардад, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ҳайати эҷодии рӯзномаи донишгоҳии “Маъвои хирад”-ро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош намуд. Шарифзода М.М. иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба фаъолияти матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зимни яке аз суханрониҳо баён доштаанд, ки «нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир хеле бузург буда, он ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонад». Боиси таъкид аст, ки матбуоти тоҷик бо гузашти солҳо ташаккул ёфта, бахусус дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба рушди он таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Теъдоди рӯзномаву ҳафтанома, маҷаллаҳо, телевизиону радио бамаротиб афзоиш ёфта, талаботи рӯзафзун ба иттилоот нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҷомеа боз ҳам боло бурд. Илова шуд, ки дар замони муосир саҳми воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ назаррас буда, ин дастгоҳи тавонову муқтадири хабариву таҳлилӣ ҳодисаву воқеаҳоро бозтоб намуда, мардумро ба фардои дурахшон раҳнамун месозад.
Сипас ба кормандон ва ҳайати эҷодии рӯзномаи донишгоҳии “Маъвои хирад” Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Сармуҳаррири рӯзнома Солеҳи Зарифзод барои таваҷҷӯҳ ва қадршиносӣ ба роҳбари донишгоҳ изҳори сипос намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









