Баргузории озмуни “Дастони моҳир” дар хобгоҳи ДДҲБСТ

3 марти соли ҷорӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади эҳё намудани анъана ва расму оинҳои миллӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, санҷидан ва сайқал додани малакаи ҳаётии ҷавонон, инчунин ҳавасмандгардонии ҷавонони бомаҳорат ба истиқболи Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Дастони моҳир”  баргузор гардид.

Ҳар як иштирокчиён бо тайёрии пухта баромад намуда, аъзоии ҳакамон  дар ҳайати намояндагони раёсати донишгоҳ ба ҳунару истеъдоди ҷавондухтарон баҳогузорӣ намуданд.

Намояндагони раёсати донишгоҳ зимни баргузории озмуни “Дастони моҳир” иброз доштанд, ки воқеан, ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар ба инсон бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Аз ин лиҳоз бояд ҷавондухтаронро лозим аст дар баробари омӯзиш ва аз худ намудани машғулиятҳои дарсӣ  ба ҳунаромӯзӣ ва омода кардани таомҳои гуногун машғул гарданд.

Пас аз иҷрои шартҳои муайянгардида аз ҷониби иштирокчиён ғолибон муайян гардиданд. Ёдовар мешавем, ки солҳои қаблӣ ҷавондухтарони хобгоҳи донишгоҳ борҳо дар давраҳои шаҳриву вилоятии озмуни “Дастони моҳир” ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб гардида буданд.

Шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like