Байналмилалигардонии таҳсилот омили рушди босубот ва таъмини сифати баланди таълим аст
Санаҳои 4-5-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми III байналхалқии Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таълим баргузор гашт, ки он бо ташаббуси Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ташкил карда шуда, роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои олӣ, коршиносони минтақа ва ҷаҳон ба он даъват гардида буданд.
Дар форуми мазкур ҳайати намояндагони соҳаи маориф ва илми кишварро муовини вазири маориф ва илми мамлакат, муҳтарам Сайфиддин Давлатзода роҳбарӣ намуда, дар ҷаласаи ифтитоҳӣ табрикоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саид Нуриддин Саидро қироат намуда, оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, намояндагони хадамотҳои аккредитатсионӣ, соҳиб шудани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба аккредитатсияи байналмилалӣ ва ба ин васила, таъмин намудани сифати таълим ва муаррифии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, суханронӣ намуд.
Дар кори Форум намояндагони зиёда аз 20 кишварҳои ҷаҳон иштирок намуда, фикру андешаҳои худро оид ба баланд бардоштани сифати таълим бо роҳи ҳамкории мутақобилаи байни донишгоҳҳо ва хадамотҳои аккредитатсионӣ, пешниҳод намуданд.
Дар доираи Форуми III байналхалқии Осиёи Марказӣ масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва аз аккредитатсияи байналхалқӣ гузаронидани ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баррасӣ гардид. Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Муъмин Шарифзода ба ҳайси иштирокчии Форум, дар мавзӯи “Фаъолияти байналмилалии ДДҲБСТ дар шароити байналмилалигардонии таҳсилот” баромад намуда, оид ба имкониятҳои таҳсил, дастовардҳои назарраси таълимӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунанда, ҳамкории судманди муассиса бо қариб 60 муассисаи ҷаҳон ва дар маҷмӯъ фаъолияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва имконоти байналмилалигардонии таҳсилот дар онро, андешаронӣ намуд.
Дар доираи Форум бо якчанд ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар кишварҳо, коршиносону намояндагони хадамотҳои аккредитатсионӣ суҳбат анҷом дода шуда, ҳамкориҳои дуҷониба ва аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани дигар ихтисосҳои таълимии донишгоҳ ба нақша гирифта шуданд.
Ҳамчунин, бо шароити таълим ва пояи моддиву техникии Донишгоҳи байналхалқии Қазоқистону Туркия ба номи Ҳоҷӣ Аҳмади Ясавӣ, ки макони баргузории Форуми мазкур буд, боздид ба амал оварда шуд.
Форум дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, бо натиҷагирӣ аз фаъолияту корбарии донишгоҳҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон дар самти таъмини сифати таҳсилот, хусусан дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, афзалиятҳои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани муассисаи таълимӣ ва нақши назарраси хадамотҳои аккредитатсионӣ дар баланд бардоштани сифати таълим, ба кори худ анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа