Баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯён
Дар кафедраҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфилҳои илмӣ фаъолияти назаррас доранд ва дар он донишҷӯён дар мавзӯҳои мухталиф маърӯзаҳои илмӣ омода карда, баромад менамоянд ва байни ҳам баҳсу мунозираҳои илмӣ доир месозанд.
Дар кафедраи аудит ва ревизияи факултети баҳисобгирӣ ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили навбатии илмии донишҷӯён бо номи «Аудиторони муосир» доир гардид.
Роҳбари маҳфили “Аудиторони муосир” ассистент Шарипова М.М. маҳфилро оғоз намуд, иброз дошт, ки маҳфили мазкур ба солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бахшида шудааст. Дар маҳфил нозири калони Департаменти аудити дохилии ҶСК “Бонки Эсхата” Ҳакимҷон Раҳимов низ иштирок ва баромад кард. Ӯ дар баромади худ перомуни сохтори фаъолияти аудитори дохилӣ, мустақилият, моҳияти аудитор дар бонк, ки дар асоси омӯзиши функсияҳои аудиторони дохилӣ ва беруна фарқият ва умумиятро байни онҳо муайян кардан, ҳиссаи нисбии ин ё онро дар ҷараёни умумии ташкили назорат баҳо додан имконпазир мегардад, маълумот дод.
Ба коршинос иштирокчиён-донишҷӯёни кафедраи кафедраи аудит ва ревизия саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамчунин, дар кафедраи кори бонкӣ маҳфили «Бонкдори ҷавон» таҳти унвони «Низоми бонкӣ ва нақши он дар саноатикунонии босуръати кишвар» ва дар кафедраи забони англисӣ маҳфили донишҷӯён бо номи “Speak only English” баргузор гардиданд. Баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар дигар кафедраҳои донишгоҳ идома дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






