Боздиди муовини раиси вилоят аз хобгоҳи ДДҲБСТ

Бегоҳии 18 феврали соли 2022 муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Тоҷибой Султонзода аз хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дидан намуда, бо донишҷӯён суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд. Нахуст, онҳо ҳамроҳи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода аз ҳуҷраҳои истиқоматӣ, китобхона ва ошхонаи хобгоҳи донишгоҳ боздид намуда, бо шароити будубош дар хобгоҳ аз наздик шинос гардиданд. Ёдовар мешавем, ки хобгоҳи донишгоҳ таъмир гардида, шароити мусоиди зист ва таҳсилу фароғат фароҳам гардидааст. Пас аз боздид аз долону утоқҳои зист ва китобхонаву ошхонаи хобгоҳ Зайнура Азимӣ ва Тоҷибой Султонзода дар маҷлисгоҳи хобгоҳ бо донишҷӯён мулоқот карданд. Зимни суҳбат аз донишҷӯён даъват карда шуд, ки қоидаҳои будубошро ҳатмӣ риоя намоянд, пайваста ба омӯзиш махсусан дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс дар китобхонаи хобгоҳ ба забономӯзӣ ва аз худ кардани китобҳои бадеӣ машғул гарданд. Инчунин таъкид гардид, ки бояд донишҷӯёни хобгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” фаъолона иштирок намоянд.

Донишҷӯён низ дар навбати худ ваъда доданд, ки пайваста ба омӯзиш машғул гардида, дар ҳифзи арзишҳои давлатӣ, ҳимояи расму оини миллӣ ва гиромидошти дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like