Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ

15-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт тибқи ҷадвали кории Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд гурӯҳи корӣ дар ҳайати аъзои раёсати КИМ ҲХДТ, ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Муъмин Шарифзода, номзади илмҳои таърих, дотсент Ботур Алимов, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Шуҳрат Саидзода маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ” ба истиқболи 29 солагии таъсисёбии Рӯзи Артиши миллӣ доир гардид. Инчунин, дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Зафар Мамадҷонов, муовини озоди раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Наврӯз Рустамзода ва намояндаи Шӯрои кор бо занон оид ба таҳкими “Сулҳ ва сулҳофарӣ”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Анҷумани “Пайванд” Гулбаҳор Маликзода фаъолон, собиқадорон, падару модарони сарбозон, бонувони фаъол, ходимон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия иштирок намуданд.
Аъзои Раёсати КИМ ҲХДТ, ректори ДДҲБСТ Шарифзода Муъмин Машокир зимни баромади худ қайд кард, ки Артиши ҷавони Тоҷикистон бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиклолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсис дода шуда, дар он ҷавонони банангу номус, иродаи қавию устувордошта ва ҷавонони ватандӯсту обутобёфта хизмат намуда истодаанд. Инчунин Муъмин Шарифзода перомуни шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва дигар масоили муҳими рӯз маълумот дода, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки фарзандонашонро забондон, дорои донишҳои муосир ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ва ба камол расонанд.
Дар идома, доир ба дастовардҳо, қарору қонунҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳарбӣ, сатҳу сифати хизмат барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ, таъсисёбии Артиши миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон устодони ДДҲБСТ, Ботур Алимов ва Шуҳрат Саидзода баромад карданд. Инчунин, сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Коммисариати ҳарбии ноҳияи Ашт Пулотов Шуҳратҷон Шарифович ва сарбози қаторӣ Насриддинов Умедҷон оид ба сатҳу сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми шароити хуби буду боши хизмат изҳори назар намуданд.
Аз ҷониби раиси Анҷумани “Пайванд” Гулбаҳор Маликзода, сарвари маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” Зафар Аҳмад ва хонандагон дар боби Ватандорӣ суханҳои ҷолиб ва шеърҳои пурмазмун қироат карданд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд тамоми меҳмонону иштирокдорони маҳфилро ба 29 солагии Рӯзи Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ректори ДДҲБСТ Шарифзода Муъмин Машокирро барои тарғибу ташвиқ намудани ғояҳои созандаи ҲХДТ ва ҳамкории доимӣ бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ намуд. Дар охир ба якчанд нафар модарони сарбозоне, ки фарзандони онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд, туҳфаи хотиравии раёсати ДДҲБСТ ва КИ ҲХДТ дар ноҳия тақдим карда шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ректори ДДҲБСТ Шарифзода М.М. дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ду қисмҳои низомии ноҳия дидан намуда, бо сарбозону афсарон суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд ва ба сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ китоб ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд. Зимни сӯҳбат бо сарбозон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, сатҳу сифати хизмат ва имконияту шароити мусоиди сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди онҳо ҳамзамон содиқ будан ба Ватан ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like