ҶАВОНОН БОЯД ҲУШЁР БОШАНД      

Терроризм имрўз ба тамоми давлатҳои ҷаҳон хатарҳои зиёд ба амал оварда, дар кори равандҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир монеаҳои зиёд эҷод намуда истодааст.

Гурўҳҳои террористӣ бо ташкил кардани амалҳои террористӣ боиси ҳалокати садҳо одамон, таркондану сўзондани идораҳои давлатию ҷойҳои ҷамъиятӣ мегарданд.

Танҳо соли 2017 дар 100 давлатҳои ҷаҳон амалҳои террористӣ ба амал омад, ки он боиси талафотҳои зиёдӣ молию ҷанӣ гардид.

Бояд қайд кард, ки гурўҳҳои террористӣ кўшиш мекунанд, ки ба фаъолияти худ доираҳои зиёди одамонро дар дохили давлатҳо пайдо намуда онҳоро ба мақсадҳои худ истифода намоянд.

Ташкилоти террористӣ ба мақсадҳои худ бо воситаи электронӣ дар сомонаҳои интернет сомонаҳои худро ташкил намуда аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Мувофиқи маълумотҳои сомонаҳои гурўҳҳои террористӣ ба 10000 расидааст.

Гурўҳҳои террористӣ дар сомонаҳои худ аз нигоҳи манфиатҳои ифротгаронаи худ ҳар гуна маводҳои иғвоангезро оиди мавзўъҳои гуногун баён мекунанд.

Ҷавонон, ки имрўз аз сомонаҳои интернетӣ бисёр истифода мебаранд бояд эҳтиёт бошанд, ки ба сомонаҳои гурўҳҳои террористӣ робита намуда пойбанди онҳо нашаванд

Ҷавонон бояд ҳамеша хушёр бошанд ва фирефтаи ғояҳои ғаразноку иғвогаронаи гурўҳҳои террористӣ нагарданд, зеро он ҷавононро дар охир ба оқибатҳои нохуш мерасонад.

Сухангўи ташкилоти террористии ҳизби наҳзат М.Садриддин мунтазам бо воситаи сомонаҳои интернет ба ҷавонон муроҷиат намуда, онҳоро барои ҳамкорӣ намудан даъват менамоянд. Мақсадҳои гурўҳҳои мазкур аз мақсадҳои иғвоангезу ифротгарона иборат мебошад ва онҳо аз тарафи баъзе созмонҳои байналхалқию давлатҳои манфиатҷў дастирӣ карда мешавад, ки чунин муносибат ба раванди созандагию бунёдкорӣ дар давлатҳои ҷаҳон монеаҳо ва душвориҳо ба амал меорад.

 

Одинаев А. – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like