Уфуқҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ
Робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти ин унвон китоби тозанашр зери муаллифии сармуҳаррири нашрияи донишгоҳии “Маъвои хирад”, рӯзноманигор Солеҳи Зарифзод ба нашр расид. Дар китоби мазкур самтҳои ҳамкории афзалиятноки фаъолияти раёсати донишгоҳ бо муассисаҳои бонуфузи хориҷи мамлакат, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷаҳон ва дар айни замон бо макотиби олии кишварҳои ҳамҷавор маълумот ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин дар ин китоб аз таърихи ташкили шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ то ба таъсиси марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, Озмоишгоҳи инноватсионӣ, Маркази омӯзиши Аврупо ҳамзамон ҳамкорӣ бо лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ маълумоти дода шудааст.
Китоби мазкур оид ба созмони муноситбатҳои устувори байналмилалии донишгоҳ ва амалисозии чорабиниҳо перомуни ташкили ҳамориҳои судманд бо роҳбарии Абдураҳим Ҷӯраев, ки ба самтҳои стратегии сиёсати ягонаи рушди донишгоҳ асос ёфтааст, нақл мекунад.
Робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон китобест, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай рӯи чоп омадааст.
Хонанда метавонад аз ин дурри тозанашр ба худ маълумоти зарурӣ вобаста ба ҳамкорҳои байналмилалии донишгоҳ гирад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





