Боздиди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ДДҲБСТ

08 феврали соли 2022 дар доираи сафари кории меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон боздид ба амал овард. Вазири маорифро ректори донишигоҳ профессор Муъмин Шарифзода  ва ҳайати устодон пешвоз гирифтанд.

Муҳаммадюсуф Имомзода аз сохтмони бинои иловагии таълимӣ ва маҷлисгоҳ барои 800 ҷойи нишаст, ки дар арафаи анҷомёбист, дидан кард.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таъмиру бунёдии бинои таълимии иловагӣ пурра иҷро гардида, дар фурсатҳои кӯтоҳ бо техникаву лавозимоти таълимӣ аз қабили  мизу курсӣ ва тахтаҳои электрониву дигар лавозимоти хониш таъмин карда мешавад. Аснои боздид аз ҷараёни корҳои бунёдӣ вазири маориф ва илми кишвар ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дод. Ҳамчунин Муҳаммадюсуф Имомзода аз макони бунёди бинои истиқоматӣ барои кормандону омӯзгорон дидан кард.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ вазири маориф ва илми кишвар бо кормандону устодони донишгоҳ мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат вазири маориф ва илми кишвар  иброз дошт, ки корҳои бунёдии бинои таълимиву маҷлисгоҳ ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои устодону кормандон тақвият ёбанд. Инчунин вазири маориф ва илми мамлакат перомуни гузаштан ба таҳсилоти рақамӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ва ташкили марказҳои забономӯзӣ дар донишгоҳ ва тақвияти корҳои илмиву таҳқиқотӣ ибрози андеша кард.

Муҳаммадюсуф Имомзода нақши устодони донишгоҳро дар тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф назаррас  арзёбӣ карда, барои ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани раванди таҳсилот ба иштирокдорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

                                   Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like