ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО!

Мардуми шарифи Тоҷикистон шукрона аз он доранд, ки ба бахти баландашон шахси қавииродаю пуртаҷриба, соҳибақлу заковатманд ва бохираду ғамхор, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии Ватани маҳбубамонро бар дӯш доранд. Бинобар ин, ҳар сол шаҳрвандони ҷумҳурӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро бо самимияти хос тамошо намуда, онро сармашқи кори хеш қарор медиҳанд. Зеро Паём ин ҳидоятгари муваффақиятҳои нав, такони бузург ба рушди ҳамаи соҳаҳо ва ғамхории навбатии сарвари азизи мо мебошад.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари ҷоноҷонамонро муайян намуд.

Басо рамзист, ки Пешвои муаззами миллат Паёми навбатиро бо дебочаи кӯтоҳи таърихӣ оғоз карда, аз даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ёдрас шуданд. Ин бори дигар моро ҳушдор месозад, ки ваҳдату сулҳи миллиамонро азизу мӯътабар дорем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро  дар шароити ҷаҳонишавӣ қувваю ҳаракатҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки ба ҳастии миллати мо рахна заданӣ ҳастанд.

Аз таҳлилҳои Пешвои Миллат бармеояд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дастовардҳои истеҳсолӣ-иқтисодӣ имкон фароҳам овард, ки дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат бобати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бошад, собит гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишаванда мебошанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат эътибори махсус ба раванди расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар ин самтҳои барои давлату миллат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Инчунин дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёбӣ гардида, барои пурра расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳаётан муҳим вазифагузориҳои ҷиддӣ пешниҳод гардид. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфт. Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод карда шуд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Пешвои муаззами миллат пайваста баён менамоянд, ки соҳаи илму маориф дар маркази эътибори сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Басо рамзист, ки дар баромади худ бахшида ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сарвари давлат махсусан қайд намуданд, ки “бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад”. Зикр карда шуд, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, танҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар маҷмӯъ, аз соли 1991 то имрӯз дар мамлакат 3 020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудаанд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.

Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳварона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳлили Паёми имсола нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.

Хулоса, ҳар як Паёми Пешвои миллат ва хусусан паёми имсоларо метавон гуфт, ки барои пояи иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳам маънавиёт ва таҳкими сулҳу салоҳ ва таъмини меҳнати осоиштаи мардум бунёди мустаҳкам гузошта шуд. Пешвои миллат ҳар як Паёмеро, ки ироа менамояд мазмунаш пур аз садои ватандорӣ, хештаншиносӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ мебошад.

Баъди тамошои Паём ҳар яки мо бояд ору номуси тоҷик будани худро бедор кунему даст ба созандагиву бунёдкорӣ занем. Боз як бори дигар ба ҷаҳониёни собит намоем, ки мо мардуми тоҷик мардуми баномус, мардуми меҳнатқарин ва ниҳоят мардуми тақдирсоз ва давронсоз ҳастем.

 

Лутфуллоев М.Д. – муаллими калони

кафедраи технологияҳои иттилоотӣ

дар иқтисодиёт, ДДҲБСТ

You might also like