Баргузории ҳамоиши “Рӯзи хатмкунанда”дар ДДҲБСТ
03 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши “ Рӯзи хатмкунанда” баргузор гардид.
Ҳамоиш бо мақсади рушди касбияти донишҷўён ва хатмкунандагон, омода намудани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ аз рўи ихтисос, мусоидат ҷиҳати дарёфт ва таъмини хатмкунандагон бо ҷойи корӣ роҳандозӣ шуда, дар доираи он мизи мудаввар, мулоқоту вохӯрии намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо хатмкунандагон доир шуд.
Вобаста ба ихтисос дар толору маҷлисгоҳҳои донишгоҳ роҳбарон ва намояндагони мақомоту идораҳо бо хатмкунандагон сӯҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар ҳамоиши “Рӯзи хатмкунанда” раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, ходими давлативу ҷамъиятӣ Шуҷоат Ҳасанова, собиқадори хизмати давлатӣ Мунаввара Дадобоева ва чандин нафар аз роҳбарони мақомоту идораҳо, муассисаву ташкилотҳои бонкӣ, роҳбарону намояндагони корхонаҳои саноатӣ ширкат варзиданд. Дар мулоқот бо хатмкунандагон роҳбарону намояндагони мақомоти прокуратура, суд, раёсати Андози вилояти Суғд, РАХШ-и вилояти Суғд, РВКД ҶТ дар вилоят, Адвокатура, раёсати омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд, Нотариуси шаҳри Хуҷанд ҳамзамон, намояндагони коргоҳҳои ҶДММ ” Фаровон-1″, “Ҷавонӣ”, “Наҷм”, “Файзи Расул” ҶСП “Зуҳал” инчунин ташкилотҳои қарзӣ – ТАҚХ “Матин”, “Бонки Эсхата”, Филиали ҶСК “Комерсбонки Тоҷикистон”, “Имон интернешил”, ҶСП “Ҳумо”, ҶСП “Спитаменбонк” , “Арванд” ва намояндагони ширкатҳои мобилӣ иштирок ва перомуни фаъолияти коргоҳу муассисаи худ ба хатмкунандагон маълумот доданд. Зимни вохӯриҳо хатмкунандагон низ вобаста ба ихтисос аз намояндагони мақомоту идораҳо саволҳо дода маълумот гирифтанд. Чанде аз роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо ба хатмкунандагон ҷойи корӣ пешниҳод намуданд, ки пас аз хатм ва соҳиби диплом гардидан бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода аз роҳбарону намояндагони мақомоту идора ва ташкилотҳо ташрифоварда ҷиҳати ҳамкории пурсамар бо донишгоҳ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки баргузории “Рӯзи хатмкунанда” дар донишгоҳ ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат махсусан хатмкунандагон доир мегардад.
Донишҷӯён низ аз ин иқдом изҳори хушнудӣ намуданд. Зеро “Рӯзи хатмкунанда” имкон фароҳам овард, ки онҳо бо роҳбарону намояндагони мақомоту идораҳо ва муассисаҳое, ки ҷойи кори ояндаи онҳо мегардад аз наздик шинос ва аз фаъолияти онҳо ба худ маълумоти зарурӣ гирифтанд. Ҳамоиши “Рӯзи хатмкунанда” бо ибтикори шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши “Рӯзи хатмкунанда” дар ДДҲБСТ ҳамасола доир карда мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа















