Муттаҳидии аъзоёни СААД боиси руафтодагии гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гардид
Ҳодисаҳои аввали моҳи январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бори дигар нишон дод, ки мақсаду мароми гурўҳҳои террористӣ ин ба даст даровардани ҳокимият мебошад. Чунки сабаби ба кўча баромадани мардум ин баланд шудани нархи сузишворӣ ба ҳисоб мерафт, ки аз ҷониби Ҳукумати Қазоқистон ин хоҳиши мардум шунида ва иҷро шуда буд. Вале баъдан аз вазъияти бавуҷудомада гурўҳҳои террористӣ, ки инро Президенти ин кишвар дар баромади худ қайд намуда буданд, ба майдон баромада вазъиятро муташаниҷ намуданд. Вазъият рўз аз рўз бадтар шуда, таҳазурот миёни иштирокчиёни бетартибӣ ва кормандони мақомотҳои дахлдори давлатӣ авҷ гирифт. Дар рафти ин бетартибиҳо ҳодисаҳои сухтор, ғоратгарӣ, куштор ба қайд гирифта шуд.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар саросари Қазоқистон барои ду ҳафта вазъи изтирорӣ ҷорӣ карда аз Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи, Ҷумҳурии Қазоқистон аъзои комилҳуқуқи он мебошад, кӯмак хост. Созмони мазкур ба таври фаври қувваҳои суҳлпарварро аз кишварҳои аъзо омода намуда ба Қазоқистон фиристод. Дар натиҷа вазъияти муташаниҷи Ҷумҳурии Қазоқистон ба танзим дароварда шуда, сади роҳи бетартибӣ ва ҷанги бародаркўш гирифта шуд.
Санаи 7 январ Ҳукмати Қазоқистон оиди таҳти назорат гирифтани вазъият ва барқарор намудани тартиботро дар ин кишвар хабар дод. мутасифона дар натиҷаи ин бетартибиҳо талафоти ҷони ҳам аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва ҳам шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Дар миёни куштагони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду нафари онҳо бо як бераҳмии даҳшатовар ба қатл расонида шуда буд, ки ин низ нишони даст доштани гурўҳҳои террористиро дар ин кишвар нишон медиҳад. Дар баробари ин бинобар ҳодисаҳои рухдода дар ин кишвар боиси зарари иқтисодӣ низ гардид.
Мувофиқи маълутҳои дар айни ҳол маълумгардида маблағи умумии хисорот пас аз ошӯбҳо дар Қазоқистон тибқи ҳисобҳои тахминӣ 92 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон.
Тоҷирон низ зарари худро аз ғоратгарон ҳисоб кардаанд. Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, он қариб 60 миллион доллар (тақрибан 26 миллиард танга) аст.
То кунун ҳудуди сесад субъекти осебдида асосан дар соҳаи савдо, хӯроки умум, нақлиёт, хизматрасонӣ, инчунин дар бахши молия, аз ҷумла банкоматҳо муайян карда шудаанд.
Ҳодисаи рўхдода дар Ҷумҳури Қазоқистон аз як ҷониб нишон дод, ки гурўҳҳои террористӣ то чи андоза метавонанд миёни мардуми оддӣ пинҳон шуда ва дар лаҳзаҳои зарурӣ зарбаи марговар ба сохтори давлат занад.
Аз ҷониби дигар ҳодисаҳои рўхдода дар Ҷумҳурии Қазоқистон муттаҳидии давлатҳои аъзои СААД-ро дар мубориза бо тамоми шаклҳои таҳдид ва алалхусус таҳдидҳои терроризм ва экстремиз нишон дод. Чунки баъд аз ҳодисаҳои рўхдода дар Ҷумҳурии Исломи Афғонистон, яъне бо роҳи зури ғасб намудани ин кишвар аз ҷониби Толибон то андозае руҳияи чунин гурўҳҳои террористиро баланд намуд. Вале давлатҳои аъзои СААД муттаҳидии худро дар амалия нишон дода, таъкид намуданд, ки зидди чунин ҳодисаҳои номатлуб ва таҳдидҳои террористӣ минбаъд низ муборизаи беамон мебаранд. Яъне гурўҳҳои террористие, ки нақшаи бо роҳи зури ғасб намудани ҳокимиятро дошта барбод рафт. Ин гурўҳҳои иртиҷоӣ интизор набуданд, ки дар сурати ғасби ҳокимият дигар кишварҳои аъзо дар минтақа ба таври фаврӣ ба кӯмаки ҳамдигар мерасанд.
Давлатов У.Н. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ДДҲБСТ