Саҳми ҷавонон дар пешрафти кишвар

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пашбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Чӣ хеле ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд,ки “аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Маҳз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин ҳам аз таваҷҷӯҳи беандозаи Роҳбари давлат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

Дар заминаи ҳамин ғамхориву дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир дар доираи Рӯзи ҷавонони кишвар силсилаи чорабиниву маросимҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва маърифатӣ доир мегарданд.

Хулоса, љавонон  бояд  қадри  истиқлолияти давлатӣ, ки  барои ҳар як миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор расанд. Зеро дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули қарорҳои сиёсии ҳаётан муҳим ва ниҳоятан дар дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва такмили пояҳои он вобаста аст.

 

Раҳматова З.М. –дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

You might also like