ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ИНКИШОФИ ҶОМЕА
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаро мегирад ва вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои амалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас менамояд.
Яъне ҳамаи он дастуру ҳидоятҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат нисбат ба соҳаи маориф ва илми кишвар дар паёми навбатӣ садо доданд, маҳз ба хотири рушди илму маориф дар кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.
Паёми имсола ҳамчун оинаи муваффақияти имрўзу ояндаи кишвар ба инъикоси пешрафтҳои навини кишвари биҳиштосоямон нигаронида шуда, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ нақши ҷавонону варзишгарон низ дар баробари дигар қишри фаъоли ҷомеа дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат назаррас арзёбӣ карда шуд.
Пешвои муаззами миллат зимни паёми имсолаи хеш иброз доштанд, ки «Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.
Ҳамзамон ба ҷавонони кишвар таъқид намуданд, ки “Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.».
Имрўз ҷавонони саодатманди кишвар дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона, маорифпарварона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат фаъолияти пурсамар дошта, барои рушди ояндаи давлат ва ҳимояи марзу буми кишвари азизамон бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Мо аз паём то паём шоҳиди дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқию фарҳангӣ ва шукуфоиҳои беназир мегардем, ки дар маҷмӯъ ин њама дастовардњои беназир мањз бо ташаббус ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат рўйи кор омадаанд.
Таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар беназир ва бесобиқа буда, дастуру ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои созандае, ки Пешвои миллат зимни ироаи паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ ирбоз доштанд, дар ҳаёти ҷавонон як қатор рўйдодҳои муҳим ва дастовардҳои нав рўи кор омоданд.
Муроҷиатномаи Пешвои муаззами миллатро, ки зимни Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд: “…модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем”, садоқатмандона сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор медиҳем!
Туразода Ҷ.А.-дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ