ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР
Дар шароити ташаннуљи рўзафзуни авзои сиёсии ҷањон ва тағиру тањаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъњои байнидавлативу байнимазњабї ва ављи љиноятњои муташаккили фаромарзї њимояи марзу буми кишвар ва њифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараља ва њаётан муњим ба шумор меравад.
Вазъи имрўзаи минтаќа ва љањон маќомоти њифзи њуќуќ, амнияти миллї ва сохторњои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври љиддї таќвият бахшида, барои иљрои вазифањое, ки имрўз дар назди онњо карор доранд, њамеша омода бошанд.
Рўйдодњои охири љањон, яъне боз њам тезутунд гардидани вазъ нишон медињанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарњои аввалиндараљаи љањони муосир табдил ёфтаанд.
Доманаи фаъолияти созмонњои террористон торафт васеъ шуда, фаъолшавии онњо, аз љумла дар њамсоякишвари мо – Афгонистан вазъиятро боз њам мураккабтар гардонидааст.
Имрўз терроризм ва экстремизм хамчун вабои аср ба амнияти Љањон ва њар як сокини сайёра тањдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоњи ядроиро ба миён овардааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароњам овардани фазои боварї, эњтиром ба манфиатњои њамдигар ва муттањид шудани њамаи кишварњои дунёро дар пешорўи ин хатари умумї таќозо менамояд.
Аз тарафи Пешвои миллат, асосгузори сулњу вањдат, Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон чандин маротиба аз минбарњои Созмони Милали Муттањид ва дигар ташкилотњои бонуфузи байналмилалї таъкид карда буд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазњаб надорад.
Тоҷикистони азизи соњибистиќлоламон, ки њанўз солњои навадуми асри гузашта даврони фољиабори муќовимат ба экстремизм ва терроризмро аз cap гузаронида, дар ин роњ дањњо њазор талафоти љонї дода буд, њамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуњуроти дањшатноку нафратовар ќарор дорад.
Дар доираи таќвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгўи субъектњои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва даќиќ гардонида, дар баробари ин љавобгарї ва љазо барои содир намудани љиноятњо ба муќобили сохти конститутсионї ва амнияти давлат, љиноятњои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва хиёнат ба Ватан, шарики дар чунин љиноятњо, аз љумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онњо мусоидаткунанда пурзўр карда шавад.
Умарова С.И.-муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ