МУҲИДДИН КАБИРӢ – ХОИНИ МИЛЛАТ

Муҳиддин Кабириро мардуми кишвари Тоҷикистон ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Зеро Ватану ватандорӣ ва Ҳукумат ба он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Муҳиддин Кабирӣ бошад хоини миллат ва ватанфурӯш, аз дур истода тарики сомонаҳои интернетӣ суханҳои дуруғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ, ки бо сафсатаву ваъдаҳои дуруғ як гурӯҳ одамони бесавод ва хурофотпарастро сарҷамъ намуда, хиёнати худро давом дода истодааст, дар таърихи навини тоҷик хиёнаткортарин тоҷик ҳаст. Кабирии хиёнаткор, ки таърих ёд надорад. Гурўҳҳои ифротии салафия, ваҳҳобия ва ТЭТ ҲНИ имрўз мехоҳанд ҷавононро бо ташвиқу талқин ба афкори диниву манфиятҷўёни худ ба корҳои бад сафарбр кунанд.

Нуқтаи дигари муҳими қазияи назҳатиҳоро имруз халқ хуб дарк мекунад, ки созмонҳои террористию экстремисти ҳизби мамнуъ ва роҳбарони фирории онро ҷонибдори мекунанд ва хуб медонанд, ки имрӯз ин ташкилоти мамнуъ чи хасту роҳбари он Кабири ки ҳаст.

Аз назари Кабири ва ёронаш гуё дар Тоҷикистон дин хор шудааст ва ҳеҷ гуна озодии эътиқоди риоя намешавад. Сиёсати интихобнамудаи роҳбари ҳизби мамнӯъ-Муҳиддин Кабирӣ бо номи “сиёсати сабр”, ки онро солҳои охир пеша кардааст, нусхаи аслии барномаи “Хизб-ут тахрир” аст. Мутобиқи “сиёсати сабр” назхатиҳо дар навбати аввал бояд “кадам ба кадам” вазъи инкилобиро тайёр кунанд ва пасон инкилобро роҳандози намоянд.

Ифротгарои ва террори дини-мазҳабӣ, ки дар кишвархои Ховари Миёнаю Наздик ва Осиёи Ҷануби таҳрези мешуд, имрӯз тавассути Кабирии террорист баринҳо ҳудуди хешро тавсеа бахшида, ба Аврупо “куч” бастааст.

Хиёнаткор Ватан надорад. Кабирии беимон ва ба халқу ватан хиёнаткарда дар руйхатии аввалини чунин шахсон меистад. Ин ифротии лаънаткардаи халқ бо кирдору рафтори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи тӯҳмату бӯҳтонхои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷии худ “тӯхфаҳои гарон” мегирад.

Албатта бинобар чораҳои муассир андешидани Ҳукумати мамлакат масъалаи мазкур мисли пешина тезу тунд нест ва пурра хал шуданаш кори вақт аст. Аммо то замоне, ки ҳатто як ҳамдиёри мо, хусусан ҷавонони гумроҳзада дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ бошанд, мубориза алайҳи терроризиму экстремизм, бахусус ҷаҳонбинии “сиёҳу сафед” идома хоҳад ёфт.

 

Қаюмов Ф.Ғ. – дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like