Такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ дар Паёми Пешвои миллат
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки ташаккули давлати демократӣ, ҳуқyқбунёд ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақилу беғарази судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқyқ ва сохторҳои низомии содиқ ба халқу Ватан, омодаи ҳифзи амнияти миллату давлат, ҳуқyқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъминкунандаи қонунияту тартибот дар ҷомеа аз имкон берун аст.
Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва воқеаҳои рухдода дар Қазоқистон, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ки ҷомеаро ба ташвиш овард, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар минтақаи Осиёи Миёна ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои иҷтимоӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани ҷавонон ва ба ҳамоиш ва ҷамъомадҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, ки тасдиқи онро дар воқеаҳои дар шаҳрҳои Қазоқистон рухдода мушоҳида карда метавонем.
Баҳри таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа муҳим он аст, ки баробари пешрафти ҷомеа ва тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, омилҳои осебпазир дар ҳаёти ҷомеа бояд саривақт муайян ва бартараф карда шаванд, қонунҳо ба тағйиротҳои ҷорӣ мутобиқ карда шаванд, ки шартҳои асосии таъмин намудани ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар мебошанд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, риоя ва иҷрои дақиқро тақозо менамояд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин мақсадҳо қайд карданд, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакат ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян карда шуда ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешида шаванд.
Барои иҷрои нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ, фаъолияти самараноки мақомоти судӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо конститутсионии инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини кафолати дастрас гардидани адолати судӣ ба ҳар як шахс, ҳифзи судии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ, донишҷу таҷриба ва масъулиятнокии онҳо ислоҳоти судию ҳуқуқӣ бояд идома ёфта, барномаи навбатӣ таҳия ва қабул гардад, ки масъалаҳои зерин муҳокима, мавриди ташхиси ҳуқуқӣ қарор дода шаванд, аз ҷумла;
- салоҳият ва ваколатҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самаранок истифода бурдани назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳои зинаҳои поёнӣ такмил дода шавад;
- дастрасии ҳифзи судӣ такмил дода шуда, баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандон ба ҳифзи судӣ таъмин карда шавад;
барои содир кардани тамоми ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷарима аз руи вазъи молумукӣ ва даромади ҳадди ақал муқаррар карда шавад, ҷаримабандии имруза аз руи ҳисобҳо танҳо боиси омилҳои коррупсионӣ гашта, воқеан амалӣ намешавад.
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ