ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҚУТБНАМОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ
Паёми Пешвои миллат қутбнамои ояндаи дурахшони миллат, дурнамои рушди тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву мадании давлатро дар бар гирифта, Сарвари давлат дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолии Ватанамон, саҳмгузориву бунёдкориҳои мардуми сарбаланди тоҷикро дар пешрафти мамлакат, амалигардонии босуръати ҳадафи чорум – саноатикунониро ба таври возеҳ шарҳ доданд.
Ҳамзамон, соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, энергетика мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои рушду тараққиёти ин соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт. Боиси қаноатмандист, ки Паём роҳҳои таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакатро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуда, воқеияти амалӣ кардани онро аз лиҳози мантиқӣ бо роҳ, усул ва натиҷаҳои таҷрибаи пешрафти иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бо назардошти хусусиятҳои сифатӣ ва миқдории макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст. Меҳвари асосии Паёми Пешвои миллатро масоили амну субот, баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар, боло рафтани нуфузи байналхалқии кишвар ташкил медиҳанд. Дар натиҷа, аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидем.
Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.
Бо ифтихор бояд зикр намоем, ки роҳ ва воситаҳои таъмини тараққиёти бемайлони мамлакат дар марҳалаи истиқлолияти давлатӣ аз ҷиҳати назариявӣ маҳсули андешаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Мантиқи бузурги Паём, ки дар асл ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ равона карда шудааст, дастрас ва оммафаҳм баён гаштааст. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷомеаро, мутахассис, донишманд обод мекунад. Дар ин маврид донише дар назар дошта мешавад, ки қонуниятҳои рушди табиат ва ҷамъиятро аз нигоҳи илмӣ тафсир намояд, дар таҷрибаи чандинсолаи ҳаёти инсонӣ тасдиқ гардида бошад. Кишварро аз нигоҳи иқтисодӣ қудратманд созад. Вобаста ба талаботи системавии рӯзмарра ва ояндабинии рушди тараққиёти иқтисодӣ — иҷтимоии мамлакат имкони омода кардани маҷмӯи номгӯи мутахассисонро кафолат диҳад. Идома додани ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсил, ҷорӣ кардани усулҳои фаъоли таълим ва додани эътибори аввалиндараҷа ба сатҳу сифати он, ки дар Паём таъкид шудааст, аз мақсадҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гаштаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.
Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад. Дар бораи самтҳои муҳими ҳаёти кишвар дар Паёми солонаи Пешвои миллат маълумотҳои дақиқ ва ба таври возеҳ нишон дода шудаанд. Инъикоси тамоми самтҳо, яъне иқтисодиёту иҷтимоӣ, фарҳангиву таърихӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ бо нишондиҳандаҳои оморӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ музаффариятҳои кишвари маҳбубамонро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд.
Месазад, ин ҳуҷҷати баёнгари манфиатҳои миллиро, ки мақсад аз он мукаммал гардонидан, боз ҳам қувват бахшидани асосҳои давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявии мо мебошад, гаштаву баргашта омӯзем. Аз ҳама муҳим дар амалӣ кардани он, бо кулли имконот, дар пайравии Пешвои муаззами миллат ҷонфидоёна амал кунем. Зеро таҷрибаи таърихии Қаҳрамони миллии мо дар замони истиқлолият нишонгари он аст, ки миллат хушбахтии худашро бо дасти худаш бунёд мекунад.
Алимов Б.Ҳ.-устоди ДДҲБСТ