ПАЁМ – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ
Боиси хушнудӣ ва мояи сарбаландист, ки Парвардигори олам ба мо мардуми тоҷик чунин як марди асилу фарзанди арзандаи миллат, меҳрубону ҳалим, ва дар ҳама ҳолат раҳнамо ва илҳомбахши дастовардҳо, ҳимоятгари марзу буми мероси ниёгон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато фармудааст.
Дар Паёми солонаи худ Сарвари давлат натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро барои соли оянда баён карданд.Аз ҷумла соҳаи маориф ва тандурустиро самтҳои афзалиятнок дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлатдории тоҷикон ва наҷоти миллат номидаанд. Сарвари давлат қайд намуданд, бунёди миллат аз маориф сарчашма мегирад ва дастур доданд, ки аз моҳи июли соли 2022 музди маоши кормандони тиб ва маориф 20% зиёд карда шавад. Пешвои миллат аз он ибрози қаноатмандӣ намуданд, ки табибону муалимони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.
Тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи соҳаи маориф ва тандурустӣ, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф, тандурустӣ ва дастгирии ин соҳаҳои барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Чунонки баръало мушоҳида мешавад, Сарвари давлат ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус дода, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат дастгирӣ менамоянд. Маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол рушд карда, дарозумрӣ боло рафт, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда, дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта ва ба истифода дода шуд. Дар ин муддат 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Бинобар ин Сарвари давлат зарур донистанд, ки ба сифати таҳсилот диққати махсус дода, барои таёр намудани мутахассисони рақобатпазир чорахои зарурӣ андешида шавад, то ҷавонони ташаббускори амалҳои созанда дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намуда тавонанд.
Аз нуктахои Паёми Роҳбари давлат бармеояд, ки дар соли равон низ соҳаи илму маориф ва тарбияи насли ҷавон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳамчунин Президенти кишвар қайд намуданд, ки олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, дар якҷогӣ бо зиёиёни эҷодкор “дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки новобаста аз вуҷуд доштани мушкилоти зиёд дар зиндагии мардум, мо “тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем.” Аз ин рӯ, ҷавонони бомаърифат ва ояндасози миллат бояд бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва шароити мусоиди фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, пайваста илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро хуб аз бар намоянд ва баҳри ободӣ ва ривоҷу равнақи Тоҷикистони азиз дар талош бошанд.
Мухамедова Ш.Ф. – мудири кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ