ПАЁМ: МАҚСАДИ АСОСӢ – ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Дар шароити кунунӣ Паёми Роҳбари давлат аҳамияти муҳими сиёсиву давлатдорӣ дошта, дар худ нишонаҳои ҷомеаи демократиро инъикос менамояд ва он аз ҷониби мардум ҳамчун дастур ва роҳнамои самти фаъолият ва дурнамои рушди Тоҷикистон пазируфта мешавад. Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо хусусиятҳои худ аз Паёмҳои қаблӣ фарқ дошт. Президенти кишвар давраи 30 соли давраи соҳибистиқлолиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, даҳаи аввал, яъне солҳои 90-умро ҳамчун марҳилаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ баён намуданд. Зеро нооромии дохилӣ ва шароити вазнини сиёсиву иҷтимоии дохилии кишвар хатари аз байн рафтани якпорчагии давлати тозаистиқлолро ба вуҷуд овард.  Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси Раиси шӯро интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ҳаллу фасли мушкилотҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва барқарорсозии тартиботу амният дар кишвар гардид. Чуноне ки дар Паёми Пешвои миллат дар ин маврид зикр гардид: «Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд».  Баробар ба даст омадани сулҳу оромӣ дар кишвар дар фосилаи кӯтоҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор оид ба ҳалли муаммои об дар ҷаҳон шинохта шуд. Воқеан чунин дастоварди назаррас дар самти сиёсати хориҷӣ, ки Тоҷикистон ноил гардид, на ба ҳама давлатҳои ҷаҳон муяссар мегардад.

Пешвои миилат дар идомаи Паёми хеш ду даҳсолаи баъдинаро марҳилаи рушди устувори Тоҷикистон ҳисобида, торафт баланд гардидани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиро яке аз омилҳои асосии аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфтани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ намуданд. Дар воқеъ амалӣ намудани тамоми нақшаву ҳадафҳои давлтӣ танҳо дар ҳолати дастгирии мардум ва тавъам омадани манфиати бахшҳои ҳаёти ҷомеа имконпазир ва босамар мегардад. Аз ин рӯ, кӯшишу талоши шаҳрвандони низ барои амалӣ намудани ҳаргуна стартегияву барномаҳои давлатӣ, ки ҳадафаи ҳамаи онҳо беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб меравад, бисёр муҳим мебошад.

Дар ин иртибот агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масалаи асосӣ ҳалли муаммоҳои соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бошанд, ҳоло чанд соли охир яке аз мақсадҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди нерӯи инсонӣ мебошад, ки он барои фароҳам намудани сатҳи боз ҳам беҳтари зиндагии мардум ва рушди давлат нигаронида шудааст.

Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир нисбати ин масъала дар Паёмҳои солонаи хеш таваҷҷўҳи хосса намуда, ҷиҳати рушди нерӯи ҷавонон, баланд бардоштани донишу маърифат, малака, забондонӣ ва касбомўзии онҳо диққати махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла дар таърихи 22.12.2016 дар Паёми хеш ба  Маҷлиси Олӣ ба мавзўи рушди нерўи инсонӣ махсус таъкид намуданд: «Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди нерўи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад». Аз рўи ин гуфтаҳо, метавон чунин хулоса намуд, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани нерўи инсониро аз муҳимтарин масъалаҳои давлатӣ шуморида, барои инкишофи сармояи инсонӣ шароити мусоид фароҳам карданро аз вазифаҳои таъхирнопазири ҳукумати мамлакат медонанд.

Аз назари Роҳбари давлат сифати нерўи инсонӣ ҳарчи баланд бошад, ҳамон андоза имконияти рушду инкишофи давлат низ бештар мегардад. Ба андешаи Пешвои миллат пешрафти соҳаи маориф омили асосии рушди нерӯи инсонӣ арзёбӣ намуданд: «Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Чуноне ки дар Паём Роҳбари давлат ишора намуданд, аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамон кишварҳое маҳсуб меёбанд, ки бо истифода аз нерўи инсонӣ ба дастовардҳои баланди иқтисодӣ ноил гардидаанд. Аз рўи мантиқи ин гуфтаҳо метавон мушоҳида намуд, ки аксарияти давлатҳои пешрафта на аз ҳисоби захираҳои бузурги зеризаминӣ, баръакс бештари онҳо бо истифода аз рушди нерўи инсонӣ – ихтирооти нави илмиву техникӣ ва бунёдкориву созандагӣ ба муваффақиятҳои назаррас шарафёб гаштанд. Мисол, Ҷопон, Сингапур, Малайзия ва ғ. Хулоса, танҳо ба умеди захираҳои зеризаминӣ шудан кофӣ нест. Барои дар оянда ноил гардидан ба пешрафту комёбиҳои назаррас рӯ овардан ба илму техника ва технологияи муосир яке аз омилҳои асосии рушд ба ҳисоб меравад.

Дар воқеъ аз назари захираи нерўи инсонӣ мо боигарии бузург дар ихтиёр дорем. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози синну соли аҳолӣ давлати ҷавон ба шумор рафта, мувофиқи нишондоди оморӣ, ҷавонони синнашон то 30-сола 70% аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз сабаби он, ки ҷавонон қисми бузурги аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, тасмими баланд бардоштани сифати нерўи инсонӣ аз ҷониби Роҳбари давлат махсусан нисбати ин қишри ҷомеа нигаронида шудааст. Дар ҳақиқат, сармояи бузурги ҳар давлат ҷавонони созандаву бунёдкор ва босаводу худшинос маҳсуб меёбад. Пас, масъалаи беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва афзун кардани нерўи ҷавонон масъалаи ҳамешагии давлат ба ҳисоб рафта, он ба рушди минбаъдаи давлат аҳамият хосса касб менамояд.

Тасмими Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сифати нерўи инсонӣ бо тафаккури созандагиву бунёдкорӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Тафаккури созандагӣ ва бунёдкорӣ дар байни мардум андешаеро ба вуҷуд меоварад, ки тамоми нерўи зеҳниву ҷисмонии онҳо, пеш аз ҳама,  ҷавонон, ба самти ободкориву созандагӣ равона гардад. Тафаккури созандагӣ барои бунёди зиндагии хуб, саҳм доштан дар ободии ҷомеа ва пешрафти кишвар дар ҳифзи суботу оромӣ ва ҳам ба тақвияти бештари суръати рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат мусоидат менамояд. Аз ин хотир, инкишофи малакаву маҳорати илмиву эҷодӣ ва ҳам ҷисмонии ҷавонон дар қатори масъалаҳои муҳимтарин дар маркази диққати Ҳукумати кишвар қарор хоҳад гирифт.

Умуман, дар ҳолати фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон сифати нерўи инсонӣ баланд гардида, иқтидори зеҳниву ҷисмонии аҳолӣ ба самти созандагиву ободкорӣ равона хоҳад шуд. Бо ин васила солимии ҷомеа ва суботи сиёсии ҷомеаро таъмин намуда, ба дастовардҳои назарраси иҷтимову иқтисодӣ ноил хоҳем гашт.

Дар самти рушди нерӯи инсонӣ таълиму тарбияи ҷавонони худшинос, худогоҳ, бомаърифат ва хештаншинос ва соҳибкасб муҳим буда, маҳз чунин ашхос барои ободиву пешрафти ҷомеа саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Хулоса, имрӯз ҳадафи олии давлат ва қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ фароҳам намудани зиндагии шоиста барои аҳолии кишвар мебошад. Дар ин иртибот дар ҳолати дуруст татбиқ ёфтани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва супоришҳои Пешвои миллат оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сифати нерўи инсонӣ, имконияту тавоноии мардум дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ боз ҳам афзун мегардад. Дар чунин маврид ҳар узви ҷомеа вобаста ба завқу тавоноии худ дар самту соҳаи муайяни ҷомеа фаъолияти босамар намуда, барои рушди ҳаёти шахсӣ, ободии ҷомеа ва пешрафти миллату давлати хеш саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

 

Шӯҳрат Саидзода,

н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like