БА ГУРӮҲБОЗИҲО БОЯД ХОТИМА БАХШИД

Санаи 25-уми ноябри соли 2021 аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти ВМКБ дар ҳудуди вилоят амалиёти махсуси дастгиркунии аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, санаи таваллудаш 01.06.1992, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва ҳаммаслакони ӯ гузаронида шуд.

Зиёбеков Г.З. ва ҳамдастонаш аз 16 апрели соли 2020 бо моддаҳои 181 қисми 3 (гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189 қисми 3 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслакони ҷиноятиаш, ки дар хонаи истиқоматии номбурда қарор доштанд, ба талаботи қонунии кормандони мақомоти амният итоат накарданд ва муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ҷониби онҳо аз таппончаи тамғаи «Макаров»-и ғайриқонунӣ дар ихтиёр доштааш оташ мекушояд, ки дар натиҷа ду корманди амният ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардоранд.

Роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.

Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд.

Саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва эътирозгарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сардори ШВКД шаҳри Хоруғро, ки бе яроқ буд, бо истифода аз корд захмӣ намуданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар натиҷаи амалҳои авмбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳшудаи вилоят 25-27 ноябри соли ҷорӣ даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида ва роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма”, ки ягона роҳи воридоти молу маҳсулот ба маркази вилоят мебошад, баста шуд.

Дар маҷмӯъ, ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халал ёфт.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсатмадорон, сокинони фаъол ва аҳли зиё, аз ҷумла, академик Илолов Маҳмадшо, профессор Ҷамшедов Парвона ва дигар афроди маъуруфу шинохта, амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро қотеъона маҳкум намуда, ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар вилоят аз кулли шахсони дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ иштироккунанда даъват доранд, ки фирефтаи доираи одамони манфиатҷӯи ин гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ нагарданд.

Дар чашми ягон инсони хирадманд, бо ақлу бо фаросат, ҳуқуқдон, равшанфикр пӯшида нест, ки дар кӯтоҳтарин фурсат чи ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ва қонуншиканиҳо дар қаламрави Бадахшон иттифоқ афтодааст.

Қазоват бояд кард, ки хусусан мардуми огоҳу хештаншиноси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ, ки ҳодисаҳои ба амаломада на ба манфиати аҳолии осоиштаи Бадахшон ва на ба манфиати кулли Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Эгамназаров Ҳ.Ҳ.удири кафедраи забонҳои хориҷии ДДҲБСТ                           

You might also like