МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ПАЁМИ САРВАРИ КИШВАР

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории кишвар ба шумор меравад. Аз ҳисоби он, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ, яъне кишоварзӣ аст фаровонии маҳсулоти ғизоӣ ва дастурхони пури ҳар як оила аз заҳмати шабонарӯзии ҳамаи сокинони мамлакат, бахусус кишоварзон вобаста аст. Дар ин бобат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон таъкид менамоянд ва Паёми имсола низ ана ҳамин нуқтаи муҳимро дарбар мегирад.

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки иқтидору имкониятҳои иқтисодиву истеҳсолии мо ба пояи кишварҳои аз лиҳози иқтисодиву технологӣ пешрафта баробар нест, чунки мо захираҳои калони нафту газ надорем. Лекин мо метавонем  фидокорона ва аҳлона меҳнат намуда, сари вақт киштҳои баҳоронаю тирамоҳиро иҷро намоем ва  бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ин ҳадафи ҳаётан муҳими  кишварро амалӣ гардонем.

Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳар чи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.

Пеш аз ҳама, кишти зироатҳои ғалладонагиҳоро дар саросари заминҳои обиву лалмӣ, дар байни дарахтони мевадиҳанда, дар боғҳои интенсивӣ ва дигар мавзеъҳои кишвар бояд ба роҳ монд. Бахусус, дар водиҳои Вахшу Кӯлоб, Ҳисору вилояти Суғд баъди ҷамъоварии ғалладонагиҳо кишти такрории сабзавот, картошка, полезиҳо, лӯбиёгиҳо, ҷуворимакка, офтобпараст, мош ва дигар зироатҳоро бояд саривақт ба нақша  дарорем.

Барои сарфаи об дар он ҷое, ки имкониятҳо ҳастанд, усули инноватсионии қатрагӣ ҳаматарафа бояд ҷорӣ карда шавад. Ин махсусан, дар заминҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ боиси сарфаи об ва эҳтиёткорӣ аз эррозияи обии хок мегардад.

Барқе аз аҳолии меҳнатдӯст дар заминҳои наздиҳавлигиашон таъсиси гармхонаҳои худро ба роҳ мондаанд. Дар гармхонаҳо асосан кишти сабзавоти барвақтӣ, аз  ҷумла помидору бодиринг ва дигар сабзавотҳоро ба роҳ монда, аз ҳосили ба даст овардаи худ сокинони шаҳру навоҳиро бо маҳсулоти хушсифат таъмин намуда, аз он даромади оилавии худро низ қонеъ мегардонанд.

Агар мо аз далелҳои оморӣ истифода намоем, дар ҷумҳурӣ танҳо аз рӯи истеҳсоли маҳсулоти ғалла дар соли 2019 назар ба соли 2013 – 1,6% афзоиш ба назар мерасад, ки ин ҳолат оиди он гувоҳ медиҳад, ки маҳсулоте, ки теъдоди зиёдашро ҷумҳурӣ аз дигар давлатҳо харидорӣ менамуд рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва мо мепиндорем, ки дар солҳои наздик вобастагии давлатро аз дигар давлатҳо нисбати ин маҳсулоти зарурӣ ба маротибҳо кам менамояд.

Дар ҳамин мӯҳлати таҳлилӣ истеҳсоли сабзавот ба андозаи хеле зиёд 46, 4% афзудааст. Ин далел оиди он шаҳодат медиҳад, ки стратегияи гузоштаи давлат амалӣ гашта истодааст. Мо онро ҳатто аз фурӯши ин намуди маҳсулот дар бозорҳои дохилии мамлакат ва берун аз он дарк мекунем, чунки пешниҳоди зиёди  ин намуди маҳсулот  дар нуқтаҳои фурӯшӣ ва сифати он бо нархҳои мувофиқ талаботи рӯзмарраи мардуми кишварро фаровон қонеъ мегардонад ва дар ин бобат осудагии мардум ҳис карда мешавад.

Маҳсулотҳои полезии кишоварзӣ низ дар фосилаи таҳлилӣ хеле ривоҷу равнақ ёфта он дар соли 2019 – 41, 6% нисбати соли 2013 афзудааст. Қариб то 50% афзоиш додани маҳсулот дар шароитҳои гуногуни иқлимии ҷумҳурӣ худ як заҳмати арзанда мебошад. Вобаста ба ин тамоилот пешкаши чунин тавсияҳо бомаврид аст:

Масъалаи аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ самаранок истифодабарии замин, об ва дигар захираҳои табиӣ ва дар ҳамин радиф аз замин гирифтани ду, се ҳосил дар давоми сол мебошад.

Васеъ намудани замини кишти  зироатҳои ғалладонагиҳо дар саросари ҷумҳурӣ,  инчунин истифодаи самараноки заминҳои обиву лалмӣ баҳри афзудани ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулоти ҳаётан муҳим, асоси болоравии рӯзгори аҳолии мамлакат ва берун аз он мегардад.

Кам кардани харҷи  об дар он ҷое, ки имкониятҳо ҳаст бо ёрии истифодаи объёрии усули инноватсионии қатрагӣ, ки он боиси сарфаи об ва эҳтиёткорӣ аз эррозияи обии хок мебошад, роҳи ҳалли муаммои муосири соҳаи кишоварзӣ мегардад.

Сайқал ва ривоҷи соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва таъмини соҳаи кишоварзӣ ин имкони устувории иқтисоди миллӣ буда,  самараи дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолии ҷумҳуриро таъмин менамояд.

Ҳамин тавр,  дастурҳои Паёмии сарвари кишвар, ин раҳнамоест барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ  ва роҳи расидан ба истиқлолияти озуқавории мамлакат мебошад.

 

Шаҳодат Зокирова – н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like