МАВҚЕИ ЗАН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҳамасола сар то сари манотиқи Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи саодатманди диёр ироа мегардад. Зикр кардан ба маврид аст, ки аз соли 2010 инҷониб дар ҳама паёмҳои Президенти кишвар масъалаҳои асосӣ, ки хусусияти иҷтимоӣ дошта барои пешрафти мамлакат ба назар гирифта шудаанд аз мадди назари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намемонад. Дар раванди давлату давлатдории мо тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми Пешвои миллат бениҳоят баланд буда барои тарбияи насли нави ҷомеаи имрӯза бағоят муҳиманд.
Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва ба ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузугтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардиданро Ҷаноби Олӣ асос донистанд.
Ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳо, ки бо мақсади аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардид, иқдоми муҳимтарини таърихӣ дар он давраи мураккабу вазнин ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр намуд, ки давлату давлатидории мо тоҷикон ин кори ду даҳсола нест. Ва барои бунёди ин давлати куҳан хуни ҳазорон гузаштагони мо рехтааст. Ва ин меҳану ин Ватан ва хоки муқаддаси он барои мо азиз аст. Расидан ба қадри он вазифаи ҷонии ҳар як мардуми ба нангу орӣ ин сарзамин буда ба оянда мерос гузоштани ин давлати ҷавони куҳанмеҳан ҳатмист.
Аз таърих ба воситаи китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, ки ба ҳар хонадон тақдим гардид самаранок истифода бурда гузаштаро омӯхтан имкон медиҳад, ки ба оянда қадами устувор гузорем. Шарофати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин донистан ва аз худ кардани таърих аст, ки имрӯз ҳамчун як сиёсатмадори асил, дипломати бузург ва омӯзгори қавии таърихи Ватан шаҳодати онро медиҳад, ки ба навиштани он шуруъ намуданд.
Дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ё худ дар “Чеҳраҳои мондагор” нуқтаҳои муҳими пайдоиши давлату далатдории мо тоҷикон сухан кардаанд. Имрӯз барои беҳтар намудани сатҳи ҷаҳонбинии маънавии мардум тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Қалам ба даст гирифта навиштани таърихи давлати аҷдодии мо кори басо муҳим буда мақсад якто, дода тавонистани маълумоти кофиву солим барои насли ҷавони имрӯза то дуруст дарк карда тавонад, ки мафҳуми давлат ва ҷомеа чист.
Хушбахтона имрӯз дар солҳои соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти ҷомеаи навину фарзандони замони муосир фароҳам овардани ҳамаи шароитҳо хуб ба роҳ монда шуда сиёсати пешгирифтаи Президенти миллат гувоҳи он аст, ки сулҳу субот амнияти ҷомеаро таъмин намудаанд.
Дар Паёми навбатӣ доир ба сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа боз диққати ҷиддии Президенти кишвар равона гардид.
Имрӯзҳо дар соҳаҳои афзалиятноки раванди иҷтимоишавии ҷомеаи Тоҷикистон бо баробари ҳамаи ин дастовардҳои дар боло зикргардида нақш ва мақоми занон барои пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоии кишвар низ аз мадди назари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур набуда ҳанӯзам мавқеи занро мо дар оила медонем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромади хеш гуфта буданд, ки “Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик хамчун муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши инсонӣ, аз қабили муҳаббату саодат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ оила ташаккул меёбад”.
Ҷаноби Олӣ қадру қиммати занро ҳамчун модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзандон дар оила нишон дода қадри онро ҳамчун як ҷузъи нозуку ҳассостарин ва бо баробари ин як инсони пурқудрат арзёбӣ намуданд.
Зеро таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат дар зикр намудани саҳми занон омадааст, ки “нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.”
Муайян аст, ки имрӯз дар кишвар соҳаҳое нестанд, ки барои афзалиятноки пешравӣ кишвар мавқеи занон хуб ба назар нарасида бошанд.
Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд.
Соли 2018 бошад ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст.
Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд.
Соли 2020 бошад дар соҳаи тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро ва соли 2021 бошад дар соҳаи тандурустӣ қариб 68 фоизи кормандон аз ҳисоби занҳо мебошад.
Тибқи маълумоти омории дар Паёми имсола зикр гардида 49,3 фоизи аҳолии кишварро занон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Дар соли 2021 бошад аз ҳисоби занон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувонро ташкил медиҳанд.
Қиёс ба тибқи нишондоди Паёми соли гузашта бошад саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маорифи мамлакат торафт афзуда дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Мо бо азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.
Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.
Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.
Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, барои баланд бардоштани мақоми занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Аз ин пеш дар Паёми соли сипаригардида Презденти кишвар таъкид карда буданд, ки “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба визифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Тавре огаҳӣ дорем моҳи январи соли 2015 Президенти кишвар дар яке аз Паёмҳои худ ба аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷумла барои ҳамватанон баргузор гардид, ки дар он омадааст. “Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамоии фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, такими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила баён гардидааст”.
Ҳамин аст, ки бо мақсади тарғибу ташфиқ ва инъикоси ҷараёни дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид, ки “…зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷудоти офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.” Зан бо баробари модар будан тарбиятгар, машваратгар ва идомадиҳандаи насли инсон аст. Зан бо хосияту малоҳати худ ба зиндагӣ умед мебандад ва аз худ нақш мегузорад.
Мо ба таърихи ниёгони худ назар меафканем, ки дар он одоби гузаштагон, калонсонлон ва волидони мо барало эҳсос мегардад. Ба мо маълум аст, ки дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад, ки дар он боз ҳам қиммату қадри зан намудор мегардад ва барои хушбахт будани оила ва фарзандони худ волидон масъулияти аввалиндараҷаи худро барои дуруст ба воя расонидани фарзандони худ равона месозанд. Дар оилаи тоҷик ва махсусан барои зан хушбахтии фарзанд дар мадди аввал меистад.
Таҷриба ва мероси бузургони гузаштаи мо, бидуни шак, таҷаллии барҷастаи ин рисолати наҷиб ва таърихӣ буда, корномаи онҳо саҳми бузурге дар раванди бепоёни инсонсозӣ ва маънависозии ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад.
Бо баробари ҳамаи ин дастгириву ғамхориҳо афсӯс, ки имрӯз аз ҳисоби занон нафароне пайдо мегарданд, ки даст ба ҷиноят зада барои инкишофи ҷомеа монеагиро тавлид менамояд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки эҳтиром нисбати зан дар баъзе оила нигарон аст.
Яъне муаммои зӯроварӣ дар оила нисбати занон яке аз масъаллаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ва дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-марти соли 2013 №954 ба тавсиб расид.
Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила аз ҷониби Президунти муҳтарам супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақши амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Зеро ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад ва дар ин раванд фаромӯш накардани расму оини аҷдоди гироми доштани зан низ воҷиб аст.
Ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” (8 июни соли 2007, №272) ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (2 августи 2011) боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сириштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, ва дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.
Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.
Дар фаҳмиши оммавӣ асари ба қалами Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доштари “Забони миллат – ҳастии миллат” низ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Надидем, нашунидем, ки ягон асре ягон замоне буданд подшоҳоне, ки ба ғамхории миллати хеш ҷанбаи меҳру илҳоми эҷодӣ дошта фардои Ватани хешро дар мадди аввал ҳисобад. Пас сипосу аҳсант ба чунин ғамхории сарвари миллати тоҷикон!
Муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем”.
Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имконияти васеъ фароҳам оварда шудаанд, ки яке аз онҳо Грантҳо барои занони ҳунарманд мебошад. Эълон гардидани “Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (солҳои 2018, 2019-2021) имкони фароҳам овардани шароити корӣ барои занони хонашин бошад, пас аз ҳисоби занони фаъол тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар барномаи навбатии дар Паёми соли 2021 таъкид гардида, ки бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат дар мӯҳлати се моҳ “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардани он супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Имрӯзҳо мо медонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ташкилотҳо барои занону бонувон, яъне ҳуҷраҳои нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки дар ҳар шаҳру навоҳиҳои Ҷумҳурӣ амал менамоянд (суроғаи онҳо дар Ҳаёт бе зӯроварӣ, Душанбе, 2019 нишон дода шудааст), ё худ суроғаи марказҳои захиравии занон ба монанди МЗЗ “Маркази дастгирии Ғарм”, “Раҳмнамо”, “Хингоб”, “Дарбонбахш”, “Марифат”, “Наҷоти Кӯдакон”, “Оксана”, “Кӯҳсор”, “Занони Шарқ”, “Занҳо зидди зӯроварӣ”, “Умед”, “Маркази дастгирии Ворух”, “Занон барои адолат”, “Сарпараст”, “Гулрухсор” амал мекунанд, ки кӯмаки равониву аввалияи худро ба онҳо мерасонанд.
Пӯлотова М.А.- раиси занон ва духтарони факултаи Сиёсатшиносӣ ва МБ ДДҲБСТ