Хиёнат ба миллату давлат – нобахшиданист
Яке аз омилҳои таҳрибкор ва харобкунандаи субот ва амнияти миллӣ ин ангезиши фитна ва фиребкорӣ байни ҷомеа мебошад. Мутассифона дар замони муосир гурӯҳҳо ва равияҳое зуҳур карданд, ки бо ниқоби “ҳамдиливу меҳрубонӣ” амалҳои разилонаро анҷом медиҳанд.
Дар баробари он, ки давлати мо муддати начандон зиёди соҳибистиқлоли аз як давлати ҷангзада ва қафомонда ба кишвари амну субот ва рӯ ба тараққиёт расида бошад ҳам, мутассифона ҳамоно душманону хоинони ин миллат барои монеа шудан ба рушду такомули он ва заиф гардонидани низоми ҳамдиливу ваҳдат ва ягонагӣ беист даст ба ӣъталошанд.
Мустаҳкам гардидани низоми давлатдорӣ ва сохторҳои қудратии он фазои талошҳои мусаллаҳонаро барои душманони миллат танг гардонид, ки онҳо бо роҳ ва шеваи дигар – таъсиргузорӣ ӣа мафкураи ҷомеа ва мағзшӯй мубориза баранд.
Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ҳамон нафароне, ки дар солҳои 1991-1997 ҷанги бунёдсузӣ бародаркуширо ташкил карда буданд, мехоҳанд бо сенарияи нав фоҷиаҳои солҳои 90-ум-ро такрор кунанд. Паймони зиддимиллӣ, ки аслашон ҳамон ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзат мебошад, бо таъсири пойгоҳ ва сомонаҳои иттилоотиву иҷтимоӣ чун ҳамеша ба фитнаву найранг пардохта, пайи сиёҳ намудани сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ва роҳбарону маъмурони он мебошад.
Дадоматов Д.Н. – мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ