Паём – асос барои рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар раванди татбиқи ӯҳдадориҳои мақомотҳои назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва ташкили тафтишу санҷишҳои истифодаи самарабахшу мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ бевосита мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, бо риояи стандартҳои тафтишотиву назорати ва дастурҳои методӣ амалӣ мешаванд. Яъне мaсъaлaҳои ҳaлтaлaби гузaриши иқтисодиёти миллӣ бa муносибaтҳои бозорӣ ҳaм aз мaвқеи мустaҳкaм нaмудaни тaркиби ҳуқуқи бо тaъмини системaи бaробaрҳуқуқии эътимодбaхши муносибaтҳои субъектҳои хоҷaгидорӣ вa ҳaм aз мaвқеи мукaммaлии нaзорaти дaвлaтиву дохилихоҷaгӣ aсоснокгaрдидa тaшaккули aудити новобaстaро дaр нaзaр дорaд, ки ҳоло то охир омӯхтa нaшудaaст. Чи хеле, ки дaр Пaёми нaвбaтии худ Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон қaйд менaмоянд. “Вазорати молия вазифадор аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ, баланд бардоштани самаранокиву шаффофияти хароҷоти он, беҳтар намудани назорат, мукаммалсозии аудити берунӣ ва идоракунии нерӯи инсонӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд.”

Пешниҳоди  чунин ҳуҷҷатҳои муҳим оиди сохторҳои гуногуни соҳаи назорати молиявӣ имконият медиҳад, ки тафтишу санҷишҳо дар сатҳи баланд гузаронида шуда, ҳимояи манфиятҳои молиявию иқтисодии давлат таъмин гардад. Тамоми муомилоти хоҷаги, ки корхона онро амалӣ месозад, бояд бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба расмият дароварда шаванд. Зарурати амалиётҳои тафтишоти аз рӯи баҳисобгирии муҳосибӣ ин гирифтани маълумот оиди ҳолати ҳаракати захираҳои моддӣ, меҳнати ва молиявии воҳиди хоҷагидори иборат буда, тавассути он назорати доимӣ амалӣ гардида қарорҳои муносиби идоракунӣ қабул карда мешаванд.

Тасдиқи дурустии баҳисобгирии муҳосибии ташкилотҳои давлатӣ барои истифодабарандагони манфиатдори ҳисоботи молиявии корхона аҳамияти хос дорад, зеро барои саривақт қабули қарорҳои лозимӣ зарур аст. Назорати давлатии молиявӣ дар системаи таъмини бехатарии иқтисоди пеш аз ҳама барои таъмини минимизатсияи ҷараёнҳои манфии иқтисодӣ, ки бо қонунвайронкуниҳо дар соҳаи молияи давлатӣ алоқаманд аст, равона карда шудааст. Бидуни назорати зарурӣ ба харҷи қонунӣ ва мақсадноки молияи давлатӣ кафолат додан имконнопазир аст.

Вобаста ба ин дар худуди амалиёти аудитори на танҳо назорати муфассал аз болои ҳифзи активҳо, балки назорат аз болои сиёсат ва сифати идоракуни низ ба амал бароварда мешавад, зеро талабот бо амалиёти аудитори дар ташкилотҳои давлати вобаста бо он пайдо шуд, ки мақомоти болоии идоракунии назорати харрўзаро аз болои фаъолияти муассисаҳо ва сохторхои поёнии идоракуни таъмин карда тавонанд. Аудит ахборотро оиди ин фаъолият пешниҳод намудани боэътимодии ҳисоботҳои идорауниро тасдиқ мекунад. амалиёти аудит пеш аз ҳама барои пешгирии талафи захираҳо ва амалигардонии тағйиротҳои лозима дар дохили корхона зарур аст.

 

Aшуров У.З.- н.и.и., муaллими калони кaфедрaи aудит вa ревизияи Донишгоҳи дaвлaтии ҳуқуқ, бизнес вa сиёсaти Тоҷикистон

You might also like