Пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ

Донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Руховар Майнусов дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди бокс, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи дуюм ноил шуд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ аз ҳафт кишвар варзишгарон дар вазнҳои гуногун байни ҳам рақобат намуданд.

Донишҷӯи ДДҲБСТ Руховар Майнусов дар вазни то 51кг ба чор ҳарифаш ғолиб омада, дар ин вазн соҳиби мақоми дуюм гардид. Ба ғолибон медалу диплом тақдим карда шуд.

Руховар Майнусов бо пирӯз гардидан дар мусобиқаҳо роҳхати Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди бокс, ки моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия баргузор мегардад, ба даст овард.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ барои пирӯзиҳои минбаъда ба Руховар Майнусов барору комёбӣ орзу менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like