ТОЛИБОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМНИЯТИ КИШВАР
Толибон табиатан муттаҳидони воқеии хешро дар минтақа дар сарнагун сохтани режими дунявӣ мебинанд. Толибон ба он ҳавасманданд, ки метавонад суботи сиёсиро дар Ӯзбекистону Тоҷикистон халалдор намояд, зеро ин кишварҳо дар вақташ эътилофи Шимоли Афғонистонро бо сарварии Аҳмадшохи Масъуд дар му- боризаи зидди Толибон ёрӣ ва дастгирӣ менамуданд. Ҳамзамон, дар он айём дар хайати Эътилофи Шимол тоҷикону узбекони Афғонистон муттаҳид буданд.
Бо терроризм танҳо бо муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳое, ки мехоҳанд қобилияту устувории ин муборизаро доранд, метавон пирӯз гашт. Мубориза бо руйдоди терроризм, аз ҷумла куши- ши пешгирии ҳамлаву ҳодисоти террористи ва хунсо сохтани гуруҳҳои террористи алҳол нафъбахш набуда, ин кор си сол боз идома дорад ва терроризм мағлубнопазир боқи мондааст. Бояд барои амнияти ҷомеа ва мардум тадбирҳои мушаххасу маҷмуиро роҳандози намуд, ки дар он неруҳои кудрати сарфи назар карда шаванд, то сабабҳои пайдоиши ин падида ва мубориза бар зидди он муайян гардад. Вақти он расидааст, ки террористонро дигар ба «хуб» (яъне муборизони роҳи истиқлолият ва озодии заминҳои тасарруфшуда аз ишғолгарон) ва «бад» (яъне онҳое, ки ҳамлаҳои террористиро дар марзи ИМА, Исроил ва мамолики Ав- рупои Ғарбӣ ба амал меоранд) ҷудо накунем. Терроризм – мушкилот ва бадбахтии ҳамаи мост.
Бояд донист, ки терроризм чеҳраи воқеи миллӣ ва динию мазҳабӣ надорад ва ягон ҳадафи он, терроризмро сафед накарда ва ҳеч гоҳ ҳак шуморида наметавонад. Зарур аст муҳлати ҷазоро нисбат ба террорис- тонро дар ҷаҳон вазнинтар сохт. Подоши онҳо ҳабси якумра мебошад.
«Экстремизм» аз калимаи лотини гирифта шуда, маънои луғавиаш майл доштан ва тарафдор будан ба ақидаҳои инфиродии моҷароҷуён мебошад. Дар сиёсат бошад, зери мафҳуми экстремизм кушиши бо усулҳои қатъи бо истифодаи ҳамаи шаклҳои зуровари ва тарсу таҳлука иҷро намудани амалҳои гаразнок ва расидан ба ҳадафҳои нопок фаҳ- мида мешавад.
Мақсади асосии экстремизм андохтани кинаву адоват ё низои мил- ли, нажоди, дини, маҳалгарои, паст задани эътибори милли, таргиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибат ба дин, мансубияти онхо ба миллат, нажод ё маҳал мебошад.
Ҳамзамон, таҷрибаи ҷаҳони шаходати он аст, ки терроризм ва экс- тремизм дар он ҷой ва ҳолате пайдо мегарданд, ки ҷомеа гирифтори буҳрони шадид, дар навбати аввал буҳрони гояви, мафкурави ва низоми давлативу ҳуқуқи мебошад. Дар натиҷа, дар чунин ҷомеа гуруҳҳои гуно- гуни сиёси, иҷтимои, милли, дини, мазҳаби, маҳалли ва дигарҳо пайдо мешаванд, ки барои онҳо қонуни будани худи ҳокимияти ҳукмрон ва умуман тамоми системаи идоракунии давлат зери шубҳа карор мегирад.
Дар сурате, ки ин гурӯҳҳо ба хулоса меоянд, ки мақсадҳои онҳо бо роҳи қонуни дастрас намегарданд, онҳо барои ноил гардидан ба мақсадҳои хеш ба истифодаи зуровари, яъне террори ракибони сиёси, пешвоён ва намояндагони онҳо даст мезананд. Дар ин ҳолат мухолифин адолатно- кии маънавии куштори дигаронро дар тозагии мақсадҳои худ маънидод менамоянд.
Қаюмов Ф.Ғ.-дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа