Донишҷӯи ДДҲБСТ “Донишҷӯи сол-2021” гардид
Донишҷӯи соли дуюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мутриба Мирпочоева дар риштаи фанҳои гуманитарӣ дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2021” сазовори ҷойи аввал гардида, бо Диплом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадршиносӣ шуд.
Инчунин, устоди донишгоҳ Далер Қосимов дар номинатсияи “Ихтирокорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” дар бахши модел ва конструксияҳо байни донишҷӯён ва олимони ҷавон ба гирифтани ҷойи дуюм шарафёб шуда, бо Диплом ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ қадршиносӣ гардид.
Ҳамчунин, чанде аз устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар даври вилоятиву ҷумҳуриявии озмунҳои “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фуруғи маърифат” ғолиб шудаанд, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳои МИҲД-и вилояти Суғд гардиданд.
Ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим кард.


