CУЛҲУ ОРОМӢ – АСОСИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ
Cулҳу оромӣ заминаи асосии созандагию ободкорӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии шахсияти таърихӣ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки нангу номус, тавоноии Пешвои муаззами миллат аз тамоми манфиатҳои шахсӣ боло дониста шуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошта шуд.
Бояд таъкид кард, ки ҳар як сафари Пешвои миллат ба минтақаҳои гуногун кишвар дар пайи худ ободкориҳо дорад ва зимни сафари кории навбатии Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бузургтарин корхонаҳои истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки аз таваҷҷӯҳи хоси Пешвои муаззами миллат ба рушду ободонии ин гӯшаи дурдасти кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.
Ёдовар шуд, ки маҳз бо ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ ботантана таҷлил гардид, ки ин боз як намунаи қадршиносии Сарвари давлат нисбати сокинони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Вале вақтҳои охир дар сомонаҳои интернетии дохилӣ боз дар шаҳри Хоруғи ВМКБ сар задани муноқиша байни сохторҳои қудратӣ ва лидерони ғайрирасмии шаҳр садо дод. Мутаассифона на ҳама сокинони вилоят ба ин дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат бо самимияту садоқат ҷавоб мегардонанд. Даст задани қисмати муайяни ҷавонону наврасон ба ҷинояткориҳо, аз қабили нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо аз мушкилоти асосӣ унвон карда шуд.
Бояд зикр кард, ки ояндаи миллат аз дараҷаи дониш, шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи насли имрӯза вобастагии ҷиддӣ дорад. Имрӯзҳо роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба тарбияи насли ҷавон таъсиргузор буда, онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Маҳз бо тавсия ва дастгирии ин гурӯҳҳо ҷавонон даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.
Ҳарчанд аксари сокинони ВМКБ маърифатпарвару самимӣ ва меҳмоннавозу меҳнатдӯстанд, мутаассифона кирдорҳои шахсони алоҳида аз қабили даст доштан дар гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир, риоя накардани талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ин мардуми банангу ори кӯҳистони тоҷикро аз ҷиҳати манфӣ муаррифӣ менамояд, ки чунин амалҳо монеи рушду пешрафти минтақа гардида, онро даҳсолаҳои дигар ба қафо мебаранд.
Мутаассифона, дар ВМКБ гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар баъзе ҳолатҳо аз роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ нуфузи бештар доранд ва ин аз бемасъулиятиву бетарафии роҳбарон, хизматчиёни давлатӣ ва дигар сохторҳои масъул гувоҳӣ медиҳад. Роҳбарони ин гурӯҳҳо бемонеа ҳангоми тақсими замин ба аҳолӣ, сафарбар намудани ҷавонони қобили хизмати ҳарбӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва дигар ҳолатҳо қонунҳои нонавиштаи худро амалӣ мекунанд, ки бори дигар аз таъсири онҳо ба ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини волоияти қонун дар ВМКБ ва асосан дар шаҳри Хоруғ минбаъд нафароне, ки ба амалҳои ҷинояткорона даст мезананд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ барои ҷинояти содирнамудаашон ҳатман ҷавоб хоҳанд гуфт, зеро ягон кас ҳуқуқ надорад, ки ба хотири манфиати шахсии худ суботу оромии бо ҷонбозиҳои бемисл ба дастовардаи миллатро халалдор созад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки аҳолии осоишта бояд аз фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини волоияти қонун ва ҳузури ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар таҳлука набошанд.
Таъкид гардид, ки минбаъд бояд роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои дигари масъул, ки таъмини волоияти қонун аз онҳо вобаста аст, дар фаъолияти худ масъулияти боз ҳам ҷиддиро эҳсос намуда, баҳри вусъати корҳои ободониву созандагӣ шароити мусоид фароҳам оранд.
Имрӯз давлати мо қодир аст, бо истифода аз имконоти воқеӣ волоияти қонунро дар ҳама гӯшаю канори кишвар ба пуррагӣ таъмин намояд. Табақаҳои гуногуни ҷомеа ва зиёиёни вилоятро зарур аст, ки дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатро қадр намуда, ҷиҳати рушди босуботи ВМКБ бо истифода аз нуфузу обрӯ ва таҷрибаи кору зиндагӣ дар таъмини волоияти қонун дар минтақа саҳмгузор бошанд.
Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, н.и.ф., дотсент