БАДАХШОН ҚИСМАТЕ АЗ ТОҶИКИСТОН АСТ!

Мувофиқи боби ҳафтуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ҳудуди он бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад. Дар моддаи 82 ва 83-юм Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ва салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳанги ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Вазъи моҳи ноябри соли 2021, ки  дар шаҳри Хоруғ ба миён омада, натиҷаи амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои тундрав аст, ки инро аҳли зиё ва гурӯҳҳои фаъоли ҷомеа амсоли академик Илолов Мамадшо, профессор Парвона Ҷамшедов ва дигар нафарони баруманди кишвар мақсадҳои нопоки ин гурӯҳҳои тундрав ва ҷиноятпешаро қотеъона маҳкум намуда аз мардуми дар гирдиҳамоӣ ҷамъомада, ки фирефтаи дурӯғу васвасаҳои ин афроди ҷиноятпеша гаштаанд талаб менамояд, ки бигзор ба доми фиреби ин авомфиребон нагарданд. Зеро ягон инсони солимақл, равшанфикр ва ҷаҳонбинии васеъ дошта ҳаргиз ба макру ҳияли ин гуна афроди ботиландеш намегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки роҳбари яке аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ Мамадбоқиров М.К., маъруф бо лақаби “Боқир”, 14 ноябри соли 2021 аз ҳиссиёти авбошӣ ба корманди милитсия ҳангоми адои хизмат бо истифода аз табар ҷароҳати ҷисмонӣ расонида буд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати “Боқир” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он идома дорад. “Боқир”, Шанбиев Мунаввар ва дигар саркардагони гурӯҳҳои муташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват карда, онҳоро бо нӯшокии спиртӣ ва воситаҳои нашъадор таъмин карда истодаанд, то ки ҷамъомадагон дар ҳолати мадҳушӣ ва таҳти идораи худ қарор диҳанд.

Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд.

Ҷинояткори дигар Аловатшоев Амриддин, ки бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷӯ буда, дар ҳудуди Россия қарор дорад, дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва гирдиҳамоӣ ташкил намуда, бо таҳрифи ҳодисаҳо мехоҳад ҳамдастони ҷинояткорашро бегуноҳу мавриди таъқиб нишон диҳад.

Инчунин роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи-24” дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карда истодааст.

Саркардаҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва эътирозгарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сардори ШВКД шаҳри Хоруғро, ки бе яроқ буд, бо истифода аз корд захмӣ намуданд, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Вобаста ба вазъияти кунунии ба амал омада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои ихтилофангезонаи гурӯҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати  имрӯзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи Точикистон, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрӯз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурӯҳҳои  ҷиноятӣ гардида, ҳар гуна амалҳои номатлубро бар зидди давлату миллати хеш раво бубинем.

Дар ин фурсатҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоем.

 

Норматова Ш.М.удири кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like