ҶИНОЯТКОР ДАР НАЗДИ ҚОНУН БОЯД ҶАВОБ ДИҲАД

Дар бисёр ҳолатҳо баъди мутоилаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернет афсӯс мехӯрам, ки дар ҷамъияти инсонӣ шахсоне, ҳастанд ҳама вақт халалдор ва рушди ин ё он кишварро чашми дидан надоранд.

Дар бораи ҳодисаҳои дар Помир ба амал омада, ки дар сомона ба нашр расидааст хондам ва ба рафтори душманонаи Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович ангушти ҳайрат газидам. Мақсади нопоки инхел душманони миллат ва давлат буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ панҷ сол давом ёфт. Мақсади нопоки душманон буд, ки иқтисодиёти кишвар якчанд солҳо қафо монд. Чӣ қадар кӯдакон ятим, падару модарон бе фарзанд ва шаҳрвандон бе хонаву дар монданд.

Дар ҳақиқат шахси гунаҳкор дар назди қонун ҷавоб диҳад, бевосита аз он, ки ин шахс дар куҷо истиқомат мекунад.

Зиёбеков Г.З. аз ҳамин шахсон, ки бо роҳӣ фиреб ва қаллобӣ мардум ва асосан ҷавононро ба гурӯҳҳои тундрав ҳидоят менамуд, лекин хурсандиовар ин аст, ки мақомотҳои дахлдор бо тезӣ садди ин роҳ шуда давлатро аз нотинҷӣ нигоҳ доштанд.

Зиёбеков Г.З. ва дигарон бо роҳӣ дурӯғу найрангҳои нопокашон гурӯҳ бо номи Боқир ташкил намудаанд, ҳадаф аз он бо роҳи пардапӯшона барои зарар расонидан ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва вайрон намудани тартиботи дохилии кишвар  равона карда шудааст. Ин гурӯҳ ба равияҳо ва ғояҳои ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 равона карда шудааст.

Мардуми азият кашидаи тоҷик аллакай рӯзҳои вазнинро паси сар кардааст ва барои ояндаи дурахшон танҳо бо меҳнати ҳалол ба пеш меравад.

Дар охир қайд намуданиам, ки мо набояд ба фикру мулоҳизаҳои рафтору кирдори душманони миллат диққат диҳем, чунки онҳо бояд дар назди қонун ҷавобгар бошанд ва қонун волотарин ҳуҷҷати расмии давлату миллат аст. Мо бояд ба сӯи ободиву созмонкорӣ ҳаракат намоем, яъне Тоҷикистонро боз щам обод намоем.

Дадоматов Д.Н.-устоди ДДҲБСТ

You might also like