Изҳороти устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ дар мавзӯи “Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд”

Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ қатъ гардидани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, пурра дстгирӣ менамоем.

Масъалаҳои мазкур дар доираи салоҳияти мақомоти Прокуратура дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тибқи қонунгузории ҶТ, санҷиш, арзёбӣ ва ҳаллу фасл карда шуданд. Мувофиқи маълумотҳо тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ ҳам ба низом даромад, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда кори худро идома дода истодаанд.

Бо ҳамин сабаб мо устодони кафедраи назарияи иқтисоди талаб менамоем, ки дар оянда низ ҳама масъалаҳои пеш омада мувофиқи қонун баррасӣ карда шуда, аз тарафи шаҳрвандон қонун вайрон карда нашаванд!

Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ! 

You might also like