Дастаи ДДҲБСТ ғолиби мусобиқа аз рӯи намуди баскетбол
Дастаи баскетболбозони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикитон дар мусобиқа аз рӯи намуди баскетбол, ки тӯли чанд рӯз дар маҷмааи варзишии ДДҲБСТ байни дастаҳои донишгоҳу донишкадаҳо баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал шуд.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур дастаи ДДҲБСТ бо тими ДП ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вориди рақобат гардида, бо шикаст додани ҳариф тими ДДҲБСТ соҳиби мақоми аввал шуд. Дастаи ДП ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мақоми дуввум ва тими баскетболбозони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар ин мусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Мусобиқаи мазкур, ки бо ибтикори шуъбаи ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва маблағгузории ширкати Крутоне роҳандозӣ гардидааст. Дар расми қадрдонии ғолибон муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода иштирок ва ба дастаҳои ғолиб медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Дар мусобиқа Маъруфҷон Ҳасанов аз дастаи ДДҲБСТ беҳтарин бозингар дониста шуд.
Мақсади баргузории мусобиқа тарғиби тарзи хаëти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардонии намуди варзиши баскетбол арзёбӣ карда мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








