Эҳтироми қонун вазифаи ҳар як шаҳрванд аст
Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва гуруҳбозӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Дар ҷомеъаи имрӯза яке аз роҳҳои ба самти номатлуб равон намудани аҳолӣ ин ифротгароӣ мебошад. Ифротгарои заминаи асосии омода намудани терраристон буда бештари ба ин роҳ фирефташавандагон ҷавонон мебошанд.
Мақсади асосии ифротгароён бо роҳҳои тарсонидан ва ба ваҳм андохтан ба мақсади нопоки худ расидан мебошад.
Қисми зиёди сокинони ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, мо омӯзгорон ба ҷавонон оиди гурӯҳҳои ифротгаро мақсадҳои нопоки онҳо бояд маълумот диҳем то, ки онҳо аз шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо худро ҳифз намоянд ва дорои хислатҳои неки инсонӣ бошанд, ба хусус босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва дар ҳамаи корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Чунки посдорандаи миллату давлат ҳамин ҷавонон мебошанд. Аз ҳамин сабаб Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори “Ҷавонон ояндаи миллат”-ро дар маркази суханрониҳояшон қарор дода, соли 2017-ро соли ҷавонон эълон карда буданд, ки ин боз ҳам рӯҳияи ҷавононро баланд бардошта, барои пос доштани арзишҳои миллй ҳисси онҳоро бедор кард.
Дар ин робита, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд: “«террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд!».
Оромиву осоиштаги ва сулҳу ваҳдат дар мамлакати биҳиштосои мо Тоҷикистон ба ососони ба даст наомадаст. Талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомали Раҳмон тавонист моро ба ин гавҳари бебаҳо дастёб гардонад.
Ин гавҳари бебаҳоро ки баъзе аз давлатҳои ҷаҳон дар орзуаш ҳастанд, шахсиятҳое ҳастанд, ки бо рафторҳои ношоистаи худ аз қабили Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба тинҷиву оромии тоҷикон халал расонанд
Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои бузурги сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст мо кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳар гуна проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ омода бошем. Воқеан, давлати азизи мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон дар сафи пеши мубориза бо ин падидаҳои номатлуб қарор дорад ва ин масъулияти ҳар яки моро боз дучанд мегардонад.
Давлат ва ҳукумат аз мову Шумо, боварӣ ва эҳтироми хоса доранд ва мо кормандони соҳаи маориф бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиқ бошем.
Хӯҷаназарова М.И -Дотсенти кафедраи маркетинг- агробизнеси ДДҲБСТ