ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МО

Аз рӯи маълумотҳои расонаҳо масъалаи шаби пурталотуми Хоруғ хеле ташвишовар аст.  Чунки, имрӯз ҳамагон огаҳӣ дорем, ки дар ҷаҳон чӣ хабару чӣ маълумоту итиллоот ба ҳаёти инсон зарар мерасонад.  Мисоли равшан давлати ҳамсоя Афғонистон, ки мардум ба чӣ бадбахтиву, қашшоқиву гушнагӣ гирифтор шудуаанд. Дигар мисол гурезагоне, ки дар марзи давлатӣ Белоруссия бо давлати Полша чӣ қадар азобу уқубат кашида истодаанд. Мисолҳо бисёр аст.

Мо имрӯз шукрона бояд кунем, ки дар чунин давлатӣ обод, тинҷиву амонӣ умр ба сар мебарем. Тоҷикон имрӯз як Пешво доранд ва бо Пешвои хеш на балки дар кишвар, ҳамзамон берун аз он фахр мекунанд. Чунки ин фарзанди фарзонаи миллат тамоми ҳастии худро ба миллату давлат бахшида Тоҷикистонро дар арсаи баналмилалӣ муаррифӣ намуданд ва исбот намуданд, ки халқи тоҷик халқи сулҳпарвар, фарҳангӣ ва меҳнатдӯст аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар тайи солҳои охир пешравиҳои ҳамаи соҳаҳо дида мешавад. Бо суханони бузургон зарбулмасали тоҷикона аст  “Он чиз, ки аён аст ҳоҷат ба баён нест”.

Як гурӯҳ шахсон пайдо шудаанд, ки худро бо номи Лидер муаррифӣ намуда, барои халалдор расонидан ба тинҷиву амонӣ поя мегузоранд. Ин дар дохили кишвар мо огаҳӣ дорем, ки алайҳи носипостоҷиконе, ки доғи падару модару ватан гашта, бо ҳазорон афсӯсу надоматҳо зери парчами бегонае акнун ба Тоҷикистон мекунанд. Ба он Тоҷикистоне, ки ба воя расонид. Ба он Тоҷикистоне, ки ҳавояшро нафас кашид ва имрӯз ҳавояшро тангу тор карданӣ аст. Бадхоҳе ҳаргиз ба мақсад намерасад. Тоҷикистон гулгулшукуфон хоҳад шуд.

Далати Тоҷикистон шукрона, ки давлатӣ соҳибистиқлол бо ҳуҷҷатҳои меъёрии хеш метавонад шахсе, ки ҷиноят содир мекунад ҷазо диҳад. Чунки ин чиз таббии аст ва бешубҳа чунин инсонҳоро ҷояшон бояд дар пушти панҷара бошад.

Ман ҳамчун шаҳрвандӣ зиёии Тоҷикистон мо боварӣ комил гуфта метавонам, ки бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар асраи ҷаҳонӣ боз обрӯву нуфузаш баланд гардида зиндагонии мардумаш боз аълотар мегардад.

 

Дадоматов Д.Н. – мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like