НАВОРҲОИ ТЭТ ҲНИ ДАР ЮТУБ – ДУРЎҒИ БЕАСОС
Тундгароии мазҳабӣ, бо вуҷуди муқовимати зиёд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ авҷ ёфта истодааст. Тундгароии мазҳабӣ- тундгароии исломӣ буда, ба як навъи василаи тарс додан ба мардум табдил ёфтааст. Онҳо бо роҳи зўроварӣ намудан ба мардум ва маълумотдиҳии бардурўғ хушдор медиҳанд, ки ҳукумати қонунии баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хаёрхоҳи мардум набуда, худи онҳо, яъне гурўҳҳои ифротӣ «наҷотдиҳанда»-и халқ мебошанд. Ҳадафи аслии ифротгароии мазҳабӣ ин аст, ки тундравҳо дини худро асосӣ ва бартар аз динҳову ақидаҳои дигари мазҳабӣ мешуморанд ва мехоҳанд дар ҷомеа ин ақидаҳо бартарӣ дошта бошанд.
Роҳҳои мубориза бо тундгароиро мо дар чораҳои зарурӣ ҷиҳати фаъол намудани ақидаҳои миллӣ, таълиму тарбияи дуруст дар мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ ва шадидтар гардонидани қонунҳои маҷуда ва андешидани тадбирҳои зидди ифротгароиву терроризм мебошад.
Мубориза бо тундгароии мазҳабӣ дар интернет низ ривоҷ ёфтааст. Мунтазам дар шабакаи иҷтимоии ютуб наворҳои ТЭТ ҲНИ -ро дидан мумкин аст, ки дурўғи беасос буда, кўшишҳои беҳудаи хоинони Ватан мебошад.
Амалҳои террористии содир намудаи сарони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бо ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад. Ҳадафҳои зикршуда назди мардум ва ҳукумати Тоҷикистон ошкор гардида, сабаби баста шудани ин ҳизб гардидаанд.
Вале сарони ин ҳизб мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда, худ фирор кадаанд ва акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақивию ҷаҳонӣ кушиши молиявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро буғранҷ кунанд ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд.
Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз аҳли террорист будану ба ҷиноят даст задан холис нишон диҳад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт. Албатта рўзе мерасад, ки хиёнаткорони ватан ҷазо мегиранд!
Бинобар ин, ҳамаи ин ҳодисаҳо моро хушдор месозад, ки мо тоҷикон, ки мусулмон ҳастем ва ҳамчун миллат соҳиби давлати худ мебошем, ғайр аз мазҳаби Имоми Аъзам дигар равияҳоро напазирем ва миллатро мукаммал нигоҳ дорему барои амнияти ў ҳамеша омода бошем.
Азимова Н.С.- мудири кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ