Хатари бузурги аср

Таҳлили ҷараёни вазъи сиёсии ҷаҳони имрўза  ва чораҳое, ки бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ), хусусан дар  минтақаи Осиёи Наздик  андешида шуда истодаанд, аз он  гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналми­лалӣ дар маҷмӯъ ба амнияти  тамоми давлатҳо таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва гло­балӣ пайдо кардааст. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди ғоя ва фаъолияти ҳама гуна  марказ ва созмонҳои динӣэкстремистӣ, сарчашмаҳои маблағузории террористон ва таҳрибкорон қатъиян амал мекунад.  Зуҳуротҳои иф­ротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз давраи аввали соҳибистиқлолият ва соҳибихтиёрӣ то имрўз низ ба мушоҳида мерасанд, ки барангезандагони  он дар симои  аъзоёни ТЭТ ҲНИ баръало аён гардид. Зеро гурўҳи ашхоси муайян, аъзоёни ТЭТ ҲНИ хиёнаткорона бо кирдорҳои хавфноки худ асосҳои конститутсионии ҷомеаро инкор намуданд, ба васеъ гардидани доираи амал ва афзоиши хатари тер­роризм ва экстремизм (ифрот­гароӣ) бо тарғибу ташвиқоти низоъву ҷудоиандозӣ дар байни мардуми  кишвар сабаб гардиданд, ки аҳли солими ҷомеаро бетараф монда наметавонад.

Мардуми кишвар аз нияту мақсадҳои нопоки ин тоифа огаҳ гардида кирдорҳои онҳоро маҳкум мекунад ва намегузорад, ки онҳо ба ҳадафҳои иғвогарӣ, ҷудоиандозиву низоъангезии худ ноил шаванд.

Бинобар ин, яке аз вазифаҳои  муҳими имрўзаи мо ошкор намудан,  бартараф ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани ғояҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта  (ифротгароӣ) мебошад.

Имрӯз моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсӣ зоҳир намуда, дастҷамъона бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ ва решакан намудани сабабу шароити барагнезандаи терроризм ва экстремизми динӣ бо вусъати корҳои тарғибу ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ муборизаи қатъии беамон барем ва нагузорем, ки ҷавонони мо ба доми фиреби онҳо афтанд. Набояд фаромӯш кард, ки терроризм ва экстремизм сабабгори хатарҳои бузург, кашмакашиҳои пинҳонии сиёсии идеологҳои ҷангҷӯи ҷаҳон, ҷангу ҷидолҳои динию мазҳабӣ ва қавмию гурӯҳҳои манфур мегардад. дар ин замони муосири пурталотум набояд ҳар як фарди бомаърифат, солимфикр, боирода, ватандӯст, инсонпарвар дар чунин мубориза бефарқ бошанд. Бо амали дастаҷамъона пеши терроризм ва экстремизм пурра гирифта хохад шуд.

Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебаранд ва зина ба зина иқтисоди кишвар рушд мекунад ва  масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бартараф карда метавонем. Аз ин рў, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳад. Сулҳу суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намояд ва бар зидди хоинони миллат – пайравони ТТЭ ҲНИ муттаҳид бошанд.

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории

                                                             ДДҲБСТ

 

You might also like